Замини навъсанҷии давлатӣ

Замини навъсанҷии давлатӣқитъаи заминест, ки дар он бо мақсади муайян кардани навъҳои хушсифату серҳосил, ба шароити маҳал мутобиқ ва парвариш кардан навъҳо ва дурагаҳои гуногуни зироати кишоварзиро аз санҷиши давлатӣ мегузаронанд. Замини навсанҷои давлатиро дар ИҶШС дар назди колхозу совхозҳо, хоҷагии таҷрибавӣ, муассисаҳои таҳқиқоти илмӣ, хоҷагиҳои таълимӣ ва ё хоҷагиҳои мустақил ташкил мекарданд. Нахустин замини навсанҷои давлатӣ дар Тоҷикистон солҳои 30 асри 20 ба вуҷуд омадааст. Соли 1937 Қарори ҳукумати ИҶШС «Дар бораи тадбирҳои беҳбуд бахшидани тухмии зироати ғалла» ба тасвиб расид ва Комиссияи давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзии Кумитаи давлатии агросаноатии ИҶШС таъсис ёфт, ки ба тамоми қитъаҳои навсанҷии давлатӣ роҳбарӣ мекард. Ҳар як замини навсанҷои давлатӣ ба ноҳияҳои маъмурии шароити иқлиму хокашон мувофиқ хидмат мерасонд, ки ба он қитъаи доимии кишт вобаста карда мешуд: барои санҷиши навъҳои зироати ғалладона 60–100 га, сабзавот, рустаниҳои полизӣ, техникӣ, алафҳои чарогоҳу марғзорӣ то 40 га, дарахтони мева ва ангур 50–100 га, рустаниҳои ороишӣ 3–5 га. Замини навсанҷои давлатӣ агротехникаи навъҳо (меъёр, муҳлат ва усули кишт)-ро омӯхта, маъмулан, дар ду самт – барои навъсанҷии конкурсӣ ва омӯхтани агротехникаи навъҳо фаъолият мекунад. Бо ин мақсад барои он 150–200 га замин ҷудо карда мешавад. Замини навсанҷои давлатӣ маҷмӯӣ (барои санҷиши зироати гуногуни кишоварзӣ) ва махсус (барои санҷидани гурӯҳи зироат) мешавад. Дар баъзе заминҳои навъсанҷии давлатӣ навъҳои муайяни сабзавотро дар шароити гармхона месанҷанд. Навъсанҷӣ дар заминҳои обӣ ва хушконидашуда низ амалӣ карда мешавад. Дар назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи навъсанҷӣ фаъолият дорад, ки ҳамаи корҳои вобаста ба замини навсанҷои давлатиро назорат мекунад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ заминҳои навъсанҷии давлатӣ 414,64 га-ро ташкил мекунанд, ки аз он 351,64 га замини обӣ ва 63 га замини лалмӣ мебошад. Дар вил. Суғд 4 замини навсанҷои давлатӣ мавҷуд аст:

1. ш. Конибодом, ҷамоати деҳоти Пӯлодон дар 1 га пахта, 1 га ғалла, 0,5 га сабзавот ва полизӣ, 0,5 га рустаниҳои равғандиҳанда;
2. н. Бобоҷон Ғафуров, ҶШСК ба номи С. Урунхоҷаев дар 1 га пахта, 1 га ғалла, 0,5 га сабзавот ва полизӣ, 0,5 га рустаниҳои равғандиҳанда;
3. ш. Истаравшан, ҷамоати деҳоти Чорбоғ, деҳаи Чорбоғ дар 1 га ғалла, 0,5 га сабзавот ва полизӣ;
4. ш. Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ № 141 дар 1 га ғалла, 0,5 га сабзавот ва полизӣ, 0,5 га рустаниҳои равғандиҳанда.

Дар вил. Хатлон 5 замини навсанҷои давлатӣ вуҷуд дорад:

1. н. Вахш, ҷамоати шаҳраки Киров, шуъбаи якум дар 1 га пахта, 1 га ғалла, 0,5 га сабзавот ва полизӣ, 0,5 га рустаниҳои равғандиҳанда;
2. н. Қубодиён, хоҷагии «Авесто» дар 1 га пахта, 1 га ғалла, 0,5 га сабзавот ва полизӣ, 0,5 га рустаниҳои равғандиҳанда;
3. н. Муъминобод, ҷамоати деҳоти Нуралишо Назаров, деҳаи Ғофилобод дар 1 га ғалла, 0,5 га сабзавот ва полизӣ, 0,5 га рустаниҳои равғандиҳанда;
4. н. Ҷалолуддини Балхӣ, ҷамоати деҳоти Фрунзе дар 1 га пахта, 1 га ғалла, 0,5 га сабзавот ва полизӣ, 0,5 га рустаниҳои равғандиҳанда;
5. ш. Кӯлоб, ҷамоати Зиракӣ, деҳаи Сариёзи Дашт дар 1 га пахта, 1 га ғалла, 0,5 га сабзавот ва полизӣ, 0,5 га рустаниҳои равғандиҳанда.

Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 замини навсанҷои давлатӣ доранд:

1. ш. Турсунзода, ҷамоати Турсун Тӯйчиев, деҳаи Сар кор дар 1 га пахта, 1 га ғалла, 0,5 га сабзавот ва полизӣ, 0,5 га рустаниҳои равғандиҳанда;
2. н. Тоҷикобод, деҳаи Сари Пул дар 1 га ғалла, 0,5 га сабзавот ва полизӣ, 0,5 га рустаниҳои равғандиҳанда;

Дар ВМКБ 1 замини навсанҷои давлатӣ дар н. Шуғнон, деҳаи Сижд (1 га ғалла, 0,5 га сабзавот ва полизӣ) фаъолият мекунад. Ба ҳар кадом замини навсанҷои давлатӣ як нафар сардор ва як нафар мутахассиси пешбар (агроном) роҳбарӣ мекунанд.

Адабиёт

вироиш