Замини партовзамини кораме, ки муҳлати зиёд истифода нашудааст. Замини партови кӯтоҳмуддат (8–15 сол)-ро дар ноҳияҳои даштӣ заминҳои партов ва дар ноҳияҳои дашту бешагӣ заминҳои захиравӣ меноманд. Замини партовро 2–3 соли аввал алафҳои як ва дусола, дар 5–7 соли баъдӣ рустаниҳои решапоягӣ зер мекунанд. Баъдтар дар замини партов набототи хосси марғзору дашт нумӯ мекунанд. Дар Замини партов моддаҳои органикӣ ғун шуда, чим пайдо мешавад ва хок нисбатан зич ва таркибаш беҳтар мегардад. Дар натиҷаи кишт кардани Замини партови даштҳо ҳосили ғалла зиёд мешавад. Дар Тоҷикистон замини партов дар натиҷаи хушк шудани ҷӯю рӯдҳо ва аз истифода мондани заминҳои корам (аз сабаби нарасидани қувваи корӣ, аз кор баромадани иншооти обёрӣ ва ғ.) пайдо мешавад. Замини партов барои васеъ кардани киштзори зироати кишоварзӣ манбаи асосӣ аст. Замини партовро дар баҳорон бо сипор шудгори амиқ ва аввали тобистон чархмола мекунанд. Тибқи маълумоти омории Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали соли 2017 дар мамлакат 30163 га Замини партов ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 25318 га-и он заминҳои обӣ ва боқимонда заминҳои лалмӣ мебошанд.

Адабиёт

вироиш