Заминновдиш (форсӣ: زمین‌ناودیس‎), геосинклинал (аз гео ва синклинал):

  • фурӯхамидаи нисбатан камбар ва амиқи қишри Замин дар дохили минтақаи геосинклинал, ки дар қаъри ҳавзаҳои баҳр ба вуҷуд омада, даҳҳо ва садҳо км тӯл кашидааст.

Заминновдиш, маъмулан, дар иҳотаи кафидаҳои қаъри Замин воқеъ гашта, онро қабатҳои ғафси ҷинсҳои таҳшину вулканӣ (то 10-15 км) пур кардааст. Дар натиҷаи ҳаракатҳои пурзӯр ва давомдори тектоникӣ Г. ба сохтори мураккаби чиндор табдил меёбад, ки он қисми силсилаи кӯҳӣ мебошад (аз рӯи ақидаи А. Д. Архангелский, Н. С. Шатский, А. А. Штрейс, М. В. Муратов ва дигарон).

  • қитъаи васеи тӯлонӣ ва аз ҷиҳати тектоникӣ серҳаракати қаъри Замин, ки дар ҳудуди он фурӯхамидаҳои алоҳида (заминновдиш аз рӯи мазмуни якум) пайдо шуда, инкишоф меёбанд ва дар охир ба кӯҳҳои мураккаби чиндор табдил меёбанд; муродифаш минтақаи геосинклинал (М. М. Тетяев, В. В. Белоусов, геологи фаронсавӣ Ж. Обузи ва дигарон). Тафсири истилоҳи заминновдишро нахустин бор геологи амрикоӣ Ҷ. Дэна (1873) баён кардааст.

Адабиёт

вироиш
  • Обуэн Ж. Геосинклиналы. Проблемы происхождения и развития. М., 1967;
  • Белоусов В. В. Основы геотектоники. М., 1975.

Сарчашма

вироиш