Заминрехтшиносӣ[1] (форсӣ: زمین‌ریخت‌شناسی‎), геоморфоло́гия (аз юн.-қад. γῆ «Замин» + μορφή «шакл» + λόγος «дониш, илм») — илм дар бораи релйефи сатҳи Замин, қаъри уқёнусу дарёҳо, пайдоиш, таҳаввул, қонунмандиҳои инкишоф ва нишонаҳои зоҳирии он.

Заминрехтшиносӣ релйефи имрӯзаи геологиро ҳамчун натиҷаи инкишофи қаблии сатҳи Замин меомӯзад. Заминрехтшиносӣ дар заминаи равандҳои эндогенӣ ва экзогенӣ тараққӣ карда, маълумоти он барои ҷустуҷӯи сарватҳои табиии зеризаминӣ, дар рафти ба нақша гирифтани иншооти саноатӣ, шаҳрвандӣ, ҳидроэнергетикӣ, роҳҳои оҳан ва худрав, бандарҳои баҳрӣ, мураттабсозии ҳудудҳо, мубориза алайҳи бодлесӣ (эрозия)-и замин, барои ҷустуҷӯи конҳои маъданҳои филиззӣ ва ғайрифилиззӣ истифода бурда мешаванд. Заминрехтшиносӣ ҳамчун илми мустақил дар охири асри 19 ва аввали асри 20 ташаккул ёфт. Солҳои 70 ва 80 асри 19 олимон И. В. Мушкетов ва Заминрехтшиносӣ Д. Романовский бори аввал дар ҳудуди Осиёи Марказӣ таҳқиқот анҷом дода, оид ба Заминрехтшиносӣ, палеонтология, петрография, тектоника ва сарватҳои табиӣ маълумот ба даст оварданд. Дар таҳқиқи Заминрехтшиносӣ-и Тоҷикистон олимон Б. Л. Личков, С. С. Шулс, А. Н. Промтов, О. К. Чедия ва В. В. Лоскутов, С. Ф. Машковсев, А. П. Марковский, Х. М. Абдуллоев, Ф. Ш. Раҷабов, С. М. Бобохоҷаев, Ғ. Т. Тоҷибоев ва дигарон саҳми бузург гузоштаанд.

  1. Заминрехтшиносӣ чист? Маънои заминрехтшиносӣ(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 4 ноябри 2020 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Проблемы теоретической геоморфологии/Под ред. Л. Г. Никифорова. Ю. Г. Симонова;
  • Симонов Ю. Г., Болысов С. И. Методы геоморфологических исследований: Методология. М., 2002;
  • Вазиров К. В. Таърих ва методологияи илмҳои геологӣ. Д., 2014.

Сарчашма

вироиш