Заминфизик
Заминфизик (форсӣ: زمینفیزیک), геофизика (аз юн.-қад. γῆ — Замин + φύσις — табиъат) — маҷмӯъи илмҳое, ки бо усулҳои физикӣ пайдоиш, такомул, сохт, хосиятҳои Замин ва қишрҳои он (литосфера, атмосфера, гидросфера, биосфера ва ғайра), инчунин равандҳои табиӣ ва техногении дар онҳо рухдиҳандаро меомӯзад.
Заминфизик усулҳои физикиеро муттаҳид месозад, ки барои таҳқиқи умдаи Замин ва қишрҳои он, инчунин барои таҳқиқоти илмию амалӣ, омӯзиши ин қишрҳо тавассути майдонҳои геофизикии табиӣ ва сунъӣ ва ҳодисаҳои физикӣ истифода мешаванд. заминфизик ба илмҳои геологӣ (тектоника, геокимиё, вулқоншиносӣ ва ғайра), фанҳои табиӣ ва техникӣ (астрономия, физика, математика, ҷуғрофиё, кимиё, биология) зич вобаста буда, ҳадафу усулҳои муштараки таҳқиқот дорад.
Заминфизики умда ба физикаи офтобию заминӣ, физикаи атмосфера, ҳидрофизика ва физикаи Замин ҷудо мешавад. Физикаи офтобию заминӣ ҳодисаҳо ва равандҳоро дар муҳити байнисайёравӣ ва наздизаминӣ (ионосфера ва магнитосфера, шакли тасмаҳои радиатсионӣ ва ғайра) меомӯзад, ки ба ҳаёт дар Замин таъсири калон мерасонанд. Физикаи атмосфера равандҳо ва ҳодисаҳоеро, ки дар атмосфера ба вуҷуд меоянд (тағйироти ҳарорат ва фишор, ташаккули абр, бориш ва ғайра), омӯхта, метеорология ва аэрономияро (мувофиқан қабатҳои болоӣ ва поёнии атмосфераро меомӯзанд) дар бар мегирад. Ҳидрофизика сохт ва равандҳои физикиро дар ҳидросфера (муҳити обӣ) баррасӣ намуда, аз физикаи баҳр (уқёнус) ва ҳидрологияи хушкӣ иборат аст. Физикаи баҳр равандҳои дар Уқёнуси олам, ҳидрологияи хушкӣ, равандҳои дар обҳои рӯизаминӣ баамалояндаро меомӯзад. Ҳидрологияи хушкӣ инчунин лимнология (омӯзиши кӯлҳо), ҳидрология (омӯзиши ҳидросфераи зеризаминӣ), глятсиология (омӯзиши пиряхҳо) ва дигар илмҳоро дар бар мегирад. Физикаи Замин аз маҷмӯи илмҳо ва усулҳои геофизикӣ иборат аст, ки сохт ва таърихи рушди Замин, таркиби он, хосиятҳо ва равандҳои дар қаъри он бавуҷудоянда ва ғ.-ро меомӯзад. Аз рӯи майдонҳои физикии таҳқиқшаванда дар таркиби физикаи Замин фаслҳои мустақим: зилзилашиносӣ, ҷозибасанҷӣ, геотермия, геоэлектрика, геодинамика, таҳқиқи хосиятҳои физикии минералҳо ва ҷинсҳои кӯҳӣ (петрофизика) ва дигар соҳаҳоро ҷудо мекунад. Фаслҳои илмию амалии физикаи Заминро заминфизики иктишофӣ, таҳқиқоти геофизикӣ дар чоҳҳо, заминфизики истихроҷи маъдан, инчунин заминфизики экологӣ ташкил медиҳанд. Ҳадафи заминфизики иктишофӣ таҳқиқи сохти умқи қишри Замин буда, вазифаҳои муайян кардани таркиб, сохтор ва ҳолати ҷинсҳои кӯҳии ташаккулдиҳандаи қишри Замин; ҷустуҷӯ, иктишофи маъданҳои фоиданок; омӯзиши муҳити геологӣ барои азхудкунӣ, истифодаи саноатӣ ва кишоварзиро дар бар мегиранд.
Вазифаи заминфизики экологӣ омӯзиши муҳити экологие мебошад, ки манбаи ҳаёт дар Замин аст. Дар заминаи он илми нав — заминфизики биотехносфера (соҳаи биологӣ-техникӣ ва муҳити зисти инсон) ба вуҷуд меояд.
Заминфизик ҳамчун илми мустақил дар асри 16 ба вуҷуд омадааст. Дар охирҳои солҳои 30 ва ибтидои солҳои 40 асри 20 нахустин тамсилаҳои воқеии зилзилавии Замин сохта шудаанд. заминфизик барои ҳалли масъалаҳои таҳқиқ ва истифодаи захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва назорату арзёбии олудашавии он, пешгӯии обу ҳаво, фалокатҳову буҳронҳои табиӣ, таҳқиқи Уқёнуси олам, омӯзиши фазои кайҳонӣ ва дигар муаммоҳои глобалӣ (умумӣ) аҳаммияти бузург дорад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Жарков В. Н. Внутреннее строение Земли и планет. М., 1978.
Сарчашма
вироиш- Геофизика / Ҳ. Саъдуллоев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.