Заминшиносии дарёӣ

Заминшиносии дарёӣ (форсӣ: زمین‌شناسی دریایی‎), уқнуснигории заминшинохтӣ (форсӣ: اقیانوس‌نگاری زمین‌شناختی‎) — яке аз шохаҳои заминшиносӣ, илм дар бораи таркиб, сохт ва таърихи як қисми калонтарини Замин, ки бо оби Уқёнуси Олам пӯшида шудааст.

Вазифаҳои асосии заминшиносии дарёӣ таҳқиқоти ҷараёни геологӣ ва пайдарпай ташаккулёбии таҳнишастҳо, ҷинсҳои сатҳи Замин, қишр ва қаъри баҳрҳо, инчунин маъданҳо, ашёи минералии ба фаъолияти геологии баҳру уқёнусҳо вобаста мебошад. заминшиносии дарёӣ яке аз қисмҳои маҷмӯии ҳама гуна илмҳои геология буда, дар заминаи таҳқиқоти геологияи сатҳи Замин инкишоф ёфтааст ва яке аз соҳаи пешқадамтарин дониста шудааст. Заминшиносии дарёӣ бахши беканори геология буда, бо илмҳои геологияи динамикӣ, литология, минералогия, стратиграфия, палеонтология, геологияи таърихӣ, геоморфология, тектоника, вулканология (вулканшиносӣ), петрография, геологияи муҳандисӣ ва геологияи канданиҳои фоиданок алоқаи зич дорад. Дар таҳқиқоти заминшиносии дарёӣ усулҳои таҳқиқоти илмҳои зикршуда ҳамаҷониба истифода мешавад, вале аз рӯйи иҷрои корҳои саҳроӣ тафовут доранд. Намунаҳо ва озмоишҳо барои таҳқиқот ба воситаи киштиҳо бо асбобҳои махсуси геофизикӣ гирифта мешавад. Аз маводди пармакардаи баҳру уқёнусҳо барои таҳлил ва хулосабарорӣ истифода мекунанд. Ба омӯзиши ҷараёнҳое, ки дар қаъри баҳру уқёнусҳо ба вуқӯъ меоянд, соҳаи уқёнусшиносӣ машғул аст, вале он ба масоили сохти геологӣ ва таърихи тараққиёти қаъри баҳру уқёнусҳо посух дода наметавонад. Вазифаи заминшиносии дарёӣ омӯзиши қонунҳои паҳншавӣ ва шароитҳои пайдошавии конҳои канданиҳои фоиданок, аз қабили нафт, газ, гӯгирд (сера), маъданҳои оҳан, манган, ангишт, фосфоритҳо ва муайян кардани қабатҳои маъданҳо дар қаъри баҳрҳо мебошад. Инчунин таъмин кардани маълумоти ҳидрогеологӣ, сохтмонҳои дар қаъри баҳр, пешгӯӣ дар бораи зилзилаи зерибаҳрӣ ва мавҷҳои сунамиҳо, мудофиа аз ҳодисаҳои ғайричашмдошт, соҳаи моҳипарварӣ ва ҳифзи онҳо низ вазифаи заминшиносии дарёӣ мебошад.

Сарчашма

вироиш