Камолуддин Ҳусайн ибни Муҳаммади Исфаҳонӣ (форсӣ: کمال‌الدّین حسین بن محمّد اصفهانی‎), мутахаллис ба Замирӣ (форсӣ: ضمیری اصفهانی‎; ? — 1565) — шоир, адиб ва донишманди форс-тоҷик.

Замирии Исфаҳонӣ
Таърихи даргузашт: 1565
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Замирии Исфаҳонӣ дар назди олими машҳури замон Мирғиёсуддин Мансур Даштакии Шерозӣ дониш омӯхта, дар тиб, риёзиёт, нуҷум ва рамл шуҳрат ёфт. Дар дарбори Шоҳ Таҳмоспи Сафавӣ (ҳукмронӣ 1524-1576) мақоми баланд дошт.

Аввал «Боғбон» ва баъд аз он, ки дар илми рамл маҳорати комил пайдо кард, бо фармони шоҳ «Замирӣ» тахаллус гирифт. Тазкиранигорон ӯро аз шоирони пуркор ва дар сароидани қасида, ғазал ва маснавӣ чирадаст ном бурда, ашъорашро бештар аз сад ҳазор байт баршумурдаанд. Чунончи, Содиқии Китобдор гуфтааст, ки Замирии Исфаҳонӣ «Сад ҳазор байт дорад ва як байт аз онҳо дар ситоиши подшоҳон нест ва ин барои улувви ҳимматаш беҳтарин далел аст».

Амин Аҳмади Розӣ низ муаллифи сад ҳазор байт будани шоирро таъйид карда, менависад, ки аз ин шумора ҳафтод ҳазор байт ғазал, дувоздаҳ ҳазор байт қасида ва бақия маснавӣ аст.

Маснавиҳои Замирии Исфаҳонӣ: «Нозу ниёз», «Баҳору хазон», «Лайлию Маҷнун», «Вомиқу Азро», «Ҷаннату-л-ахёр» ё «Ҳасанату-л-ахбор», «Искандарнома» мебошанд.

Нусхае аз маснавии «Нозу ниёз»- и ӯ дар Китобхонаи Остони Қудси Разавии Теҳрон, зери № 1043 нигаҳдорӣ мешавад. Осори дигари Замирии Исфаҳонӣ: «Рисолае дар рамл», ду девони қасида, ҳафт девони мукаммал — «Сафинату-л-иқбол», «Суратул-л-ҳол», «Канзу-л-ақвол», «Ишқи безавол», «Сайқали малол», «Узри мақол», «Қудси хаёл» ё «Қудси хисол» ва «Маҷмӯаи иҷлол»-анд.

Ӯ ба ғазалиёти Саъдӣ бо чаҳор девон: «Тоҳирот», «Саноеъ», «Бидояту-ш-шеър» ва «Ниҳояту-с-сеҳр» ҷавоб гуфтааст: Замирии Исфаҳонӣ ҳамчунин «Уюну-з-зулол»- ро дар ҷавоби Ҳофизи Шерозӣ, «Оинаи ҷамол»- ро дар ҷавоби Бобо Фиғонӣ, «Меъроҷу-л-омол»-ро дар ҷавоби Абдурраҳмони Ҷомӣ ва «Анису-л-лайлӣ»-ро дар ҷавоби Лисонӣ навиштааст. Намунае аз ашъори ӯ:

Мушкил шуда корам, зи ту дарди дилам ин аст,
Огаҳ наӣ аз дарди дилам, мушкилам ин аст.
Селоби сиришк аз дарди ӯ мебарадам оҳ,
Умре асари гиряи беҳосилам ин аст.

Адабиёт

вироиш