Замонат — (аз калимаи ар. الضمانة ба уҳда гирифтан‎)

1. дар ҳуқуқи гражданӣ ӯхдадориест, ки тибқи қонун ё шартнома муқаррар шудааст ва мувофиқи он ин ё он шахс дар назди қарздеҳ (кредитор) ҳангоми иҷро накардан ё ба таври дилхоҳ иҷро накардани уҳдадории қарздор ҷавоб мегӯяд (масалан, замонати бонкӣ).
2. Уҳдадории тибқи қонун муайяншудаи фурӯшанда оид ба ҷавобгариаш аз рӯи камомади моддии амвол

дар муҳлати муайяншуда (муҳлати замонатӣ).

3. Системаҳои воситаҳои ҳуқуқии бо қонун муайяншуда барои беҳтартаъмин кардани адолатӣ судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мурофиаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ, амалигардон ии вазифаҳои истеҳсолоти судӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ. Унсурҳои муҳими замонатҳои мудофиавӣ - ҳуқуқ ба ҳимоя, ҳуқуқ ба қӯмаки ройгони ҳуқуқӣ, ошкоро ва кушода будани мурофиаи судӣ, коллегиалӣ будани суд, ҳуқуқи шикоят кардан аз қарор ё ҳукми суд мебошанд.[1]

Нигаред низ вироиш

Ҳуқуқ

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 166

Адабиёт вироиш

Замонат // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — С. 19. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.