Замч
Замч — зок, номи умумии як гурӯҳ кристаллоҳидратҳои намакҳои дучандаи сулфат (мис, оҳан, руҳ, кобалт, никел ва ғ.). Формулаи умумиашон MI MIII (SO4)2 ∙ 12H2O; дар ин ҷо MI – катиони якзаряда (Na+ , K+ , Rb+ , Cs+ , NH4 + , TI+ ва ғ.), MIII – катиони сезаряда (Al3+,Cr3+, Fe3+, Ga3+, Jn3+ ва ғ.). Бештар З.-ҳои алюминию калийдор KАl(SO4)2∙12H2O, хрому калийдор KCr(SO4)2∙12H2O ва оҳану аммонийдор NH4Fe(SO4)2 ∙12H2O маъмуланд. З.-ҳои табиӣ гурӯҳи ҷудогонаи минералҳои синфи сулфатҳоро ташкил медиҳанд. З. моддаи шӯшамонанди беранг ё рангдор (З.-и мис кабуд, оҳан сабзи рӯшан, никел сабз) буда, дар об хуб ҳал мешавад. Бинобар ҳидролиз реаксияи маҳлулҳои обии З. турш аст. З. ҳангоми гарм кардан аввал гудохта ва баъд беоб мешавад ва ба З.-и пухта табдил меёбад. Дар натиҷаи гудозиши минбаъдаи З. омехтаи оксиди филиззот ҳосил мешавад. З.-ро бо роҳи омехтани маҳлулҳои сулфатҳои мувофиқ ва минбаъд бухор кардану ба шӯша табдил додани онҳо ба даст меоранд. Барои ҳосил кардани З.-ҳои хрому калийдор дихромати калий K2Cr2O7 бо кислотаҳои оксалат ё этанол дар кислотаи сулфати сероб H2SO4 барқарор карда мешавад. Дар саноат З.-ро ҳангоми коркарди ашёи хоми минералӣ ҳосил мекунанд (мас., З.-и алюминию калийдорро аз алунит ва нефелин, З.-и алюминию натрийдорро аз нефелин). З.-ҳо дар чармгарӣ, олкорӣ (чун воситаи тезобдиҳанда ҳангоми ранг кардани матоъ), инчунин барои таҳшин ва тоза кардани об истифода мешаванд. Ба ақидаи табибони халқӣ агар З.-и сӯхтаро чун сурма ба чашм кашанд, гӯшаҳои чашмро аз хилдак пок мекунад ва агар онро ос карда, бо оби кашниз сиришта бимоланд, сурхбод, қӯтур ва хоришакро даво мебахшад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Замч // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — С. 23. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.