Занаби Қитус — бетта Наҳанг, Дифда, ситораи дурахшонтарини бурҷи Наҳанг, ки ба гурӯҳи азим ситораҳои КО III дохил аст. Занаби Қитус дар марҳалаи охири таҳаввул куҳантарин ситораест, ки тақр. 100 млн сол умр дошта, массааш аз массаи Офтоб се баробар зиёдтар, қутраш 17 баробар бузургтар ва дурахшониаш 145 баробар фузунтар мебошад. Ҳарорати сатҳаш 4500°С буда, дар масофаи 96 с. р. дуртар аз замин қарор дорад. Фарози мустақим ва майли Занаби Қитус мутаносибан ба 00h–43m 35,37s df –17º 59′ 11,8′′, суръати самти назари он ба 13,32 км/с, қадри мутлақи ситоравӣ ба 0,3m ва қадри ситоравии зоҳириаш ба 2,04m баробар аст. Аз арзи Аврупо мушоҳида мешавад.

Адабиёт

вироиш