Занахдон
Занахдон (аз авестоии zanva — занах) — занах, манаҳ, чона, зақан, поинтарин бахши рӯй, воқеъ дар зери лаби зерин. балъамӣ дар «Тарҷумаи «Таърихи Табарӣ» меорад, ки силоҳи Шамшуни Обид аз устухони з.-и шутур буд, бо душманон «бад-он ҳарб кардӣ ва эшонро ҳазимат кардӣ ва ҳамекуштӣ аз эшон бад-он занахдони шутур». Дар адабиёт ба маънои маҷозӣ ва кинояву ташбеҳ, ҳамчун тасвири бадеӣ фаровон истифода шудааст. Мас.: Чоҳи з., чоҳи занах, чоҳи зақан, чоҳи ғабғаб — фурӯрафтагии андаке, ки дар зақани зеборӯён аст:
Эй фурӯғи моҳи ҳусн аз рӯйи рахшони шумо,
Обрӯйи хубӣ аз чоҳи занахдони шумо! Ҳофиз
|
Занахдон ба ҷайб фурӯ бурдан ё даст ба зери занах сутун кардан — ғарқи андеша будан, ба тафаккур фурӯ рафтан:
Варо дид бо дидагони пур зи хун,
ба зери занах даст карда сутун. Фирдавсӣ
|
Занахдон гушодан — намоиш додани ҳусну ҷамол:
Бад-он оин, ки хубонро будаст,
занахдон мегушоду зулф мебаст. Низомӣ
|
Занахдон бар зону мондан — андуҳгин будан:
Ба Юмгон ман ғарибу хору танҳо,
Аз инам монда бар зону занахдон. Носири Хусрав
|
Дар тасаввуф з. лутфи маҳбуб аст, аммо қаҳромез, ки соликро аз ҷоҳи ҷовидонӣ ба чоҳи зулмонӣ меандозад («кашшофу истилоҳоти-л-фунун»).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Занахдон // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — С. 27. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.