Зарари ҷисмонӣ
Зарари ҷисмонӣ — дар натиҷаи таъсири омилҳои беруна: механикӣ, физикӣ, химиявӣ, биологӣ, техникӣ, вайрон гардидани ягонагии анатомӣ ё физиологии узв ва бофтаҳои одам фаҳмида мешавад. Зарари ҷисмонӣ дар расонидани зарар ба саломатӣ ва дар вайрон ё суст гардидани вазифаҳои физиологии организми инсон ифода меёбад. Зарар вазнин, миёна ва сабук мешавад. Зарар ба саломатӣ мувофиқи Қоидаҳои судию тиббии муайянсозии дараҷаи вазнини зарари ҷисмонӣ аз 11 декабри 1978 муайян мегардад.
Мувофиқи м. 110 КҶ ҶТ зарар зарари вазнин эътироф мешавад, агар:
- а) барои ҳаёти инсон хавфнок;
- б) боиси нобино шудан;
- в) гунг шудан;
- г) кар шудан;
- д) аз кор мондани узв;
- ж) дар бадсурат шудани рӯй ифода ёфта бошад.
- з) боиси харобшавии зиёди саломатӣ, яъне на камтар аз сеяки қобилияти умумии меҳнатӣ аз даст рафта бошад;
- е) гунаҳгор баръало донад, ки он бонси пурра аз даст додани қобилияти кории касбй;
- ё) беморни рӯҳӣ;
- к) нашъамандӣ;
- и) таксикомания мегардад.
Зарари миёна ба саломатӣ зараре эътироф мешавад, ки барои ҳаёт хавфнок набуда, оқибатҳои дар боло номбаршударо ба миён наовардааст, вале боиси харобшавии тӯлонии саломатӣ ё ба таври устувору назаррас аз даст додани камтар аз сеяки қобилияти умумии меҳнатӣ шудааст. Зарари сабук бошад, зараре эътироф мешавад, ки боиси ба муҳлати кӯтоҳ хароб шудани саломатӣ ё андаке ба таври устувор аз даст додани қобилияти меҳнатӣ гардидааст (м. 112 КҶ ҶТ) [1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 167-168
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |