Зардушт (Зартушт, аз авестоӣ Zaraθuštra, форсӣ زرتشت‎ Zartošt, русӣ Заратустра, курдӣ Zerdeşt; Зороастр аз юнонӣ Ζωροάστρης) — пайғамбар ва коҳини халқҳои Эронзабони қадим, асосгузори дини Зардуштия (Маздаясно). Дини Зардуштия аз ваҳии пайғамбари Зардушт, ки вай аз худо Аҳура Маздо гирифта буд, сар шудааст.[2] Таълимот ва навовариҳои ӯ дар дин ва анъанаҳои халқҳои Эронзабони қадим асоси дини Зардуштияро ташкил медиҳад, дар баъзе маъхазҳо оварда шудааст, ки ин дин аввалин аст.[3]

Зардушт
Сурат
Таърихи таваллуд на пештар аз 1500 то м. и на дертар аз 550 то м.
Зодгоҳ Арйана Вайҷа (ҳозира Эрони бузург)
Таърихи даргузашт c. 1200 ПАМ - 900 ПАМ (77 сола)
Маҳалли даргузашт Арйана Вайҷа (ҳозира Эрони бузург)
Пеша паёмбар, father of faith, шоир, нависанда, thaumaturge
Падар Порвшасб[d]
Модар Дуғдвия[d]
Ҳамсар Ҳвӯвӣ[d]
Фарзанд Порвчиста[d] ва Исат Вастар[d]
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Фарзияҳо оид ба ватани Зартушт (Зардушт)Вироиш

Дар бораи пайдоиши Зардушт назарҳои гуногун вуҷуд дорад. Берунӣ вайро аз Озарбойҷон медонад, баъзе олимон Зардуштро курд, яҳудӣ ё аз қабилаи скифҳо медонанд, ки динашро скифҳо қабул накарданд ва ба Эронвиҷ (Эрон) омад ва Гуштосп ба дини вай эътиқод кард. Ҳамчунин вай зодаи оилаи Спитама ном бурда мешавад, ки ин хонавода дар қадим ба суғдиён тааллуқ доштааст.[3] Дар бораи он ки паёмбари тоисломии форсҳо — Зардушт фаъолияти паёмбарии худро дар Самарқанд оғоз кардааст, баъзе олимони бостоншинос, аз ҷумла Игор Пянков дар мақолаи илмии хеш навиштаанд. Маълум, ки авҷи фаъолияти Зардушт асосан дар Балх (пойтахти Бохтар) будааст, дар Хоразм ҳам мегӯянд, аммо ба Зардушт фаришта Баҳман аввалин паёмро аз Аҳуро Маздо (номи Худои оини зардуштӣ) дар соҳили рӯди Дарғами Самарқанд овардааст. Ин вақте буд, ки Зардушт барои таҳорат аз мобайни ин рӯд об мегирифт. Дар Авесто номи Суғд баъди Эронвиҷ омадааст, ки пойтахти он Самарқанд буд.

Академик Б. Валихоҷаев бар ин ақида буд, ки маънои калимаи Самарқанд ибодатхона аст. Агар ин тавр бошад, пас аз сохта шудани нахустин ибодатхона чунин номро гирифтааст. Пеш аз зардуштия ойини меҳрпарастӣ буд ва Ардвисура Анаҳиторо (модархудо) мепарастиданд ба ин сабаб гуфтан душвор аст, ки он чи хел ибодатхона буд.

Баргардем сари он масъала, ки муаллиф вақте дар бораи шаҳри Самарқанд сухан меронад, мегӯяд:

«Пас Зардушт Дин овард ва аз фармони Гуштоспшоҳ ҳазору дусад фаргард (бахш) ба дин дабири (хати авестоӣ) ба тахтаҳои заррин канду навишт ва ба ганҷи он оташкада ниҳод».

— Авесто - Душанбе,2001.

Яъне муаллиф гуфта истодааст, ки пойтахти Гуштосп дар Суғди Гавашайнем (Каёношён) буд ва Зардушт дини худро дар он ҷо эълон кард. Ин ривоят мувофиқат мекунад бо он ривояте, ки Зардушт рисолати пайғамбариро дар назди рӯди Дарча ё Дарға (ҳозира Дарғам) гирифтааст (ба қавли И. Пяньков). «Кави»-и авестоӣ, ки дертар дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар шакли «кай» меояд, ҳамон номи қавме ориёӣ будааст, ки асосан дар Суғд сукунат доштанд. Яъне қавме, ки тоҷдорӣ кардаанд ва эҳтимол тоҷик ном гирифтаанд. Дар Авесто баъди кишвари афсонавии Эронвиҷ кишвари воқеӣ номбар мешавад ва он сарзамин Суғд ном дорад. Агар дар пайдоиш ва густариши оини зардушти Балх ё Ҳирот мақоми аввал медошт, аввал ҳамин номҳо сабт меёфт. Эҳтимол, аввалин сарзамине, ки ориёиҳо баъди кӯч бастани оммавӣ муқимӣ гардиданд, Суғд буд ва сипас аз он ҷо қисми онҳо ба Эрон ва Ҳиндустон рафтанд. Дар банди чоруми фаргарди якуми «Вандидод»-и Авесто омадааст:

«Дуввумин сарзамину кишвари неке, ки ман Аҳура Маздо офаридам, чулгаи (чулгаи-саррзамини сарсабзу сероб) Суғд буд»

— Авесто - Душанбе,2001.- C 252

. Дар Авесто Марв дар ҷои саввум, Балх чорум, Нисо панҷум, Ҳирот шашум аст. Баъзе олимон дар ин ақидаанд, ки Эронвиҷ Хоразм аст, аммо дар кардаи 14 (боби 14)-и Авесто Хоразмро Хоразм гуфтааст, на Эронвиҷ.[4]

Дар фарҳангВироиш

Нависанда-файласуфи олмонӣ Фридрих Нитсше асари «Зардушт ҳамин тавр ҳарф мезад» дорад. (рус).

ПайвандҳоВироиш

ЭзоҳВироиш

  1. Shahbazi 1977, pp. 25–35
  2. West 2010, pp. 19–20
  3. 3.0 3.1 Stanford Zoroaster. stanford.edu. 1 Декабри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июли 2019.
  4. Авесто — Душанбе,2001.- C 252