Зардхок
Зардхок – хоке, ки зери дарахтони паҳнбарги ҷангали субтропикии серрутубат асосан аз варақсангҳои гилӣ ва маҳсули бодлесии ҷинсҳои сахт ба вуҷуд меояд. Ранги зард аз ҳисоби дар таркиби он мавҷуд будани гидрати оксиди оҳан зоҳир мешавад. Ғафсии умумии қабати хокии З. 30– 70 см-ро ташкил медиҳад. Чор намуди З.-ро фарқ мекунанд: хоки зард, хоки зарди хокистартоб, З.-и глеевӣ, З.-и глеевии хокистартоб. З. дар Хитой, қисми ҷанубии ИМА, ҷанубу шарқии Австралия, Зеландияи Нав, ғарби Гурҷистон, Абхозистон, минтақаҳои наздисарҳаддии ш. Сочии Руссия ва Ленкорани Озарбойҷон масоҳатҳои бузургро ишғол мекунад. Асосан, барои парвариши ангур, боғҳои ситрусӣ ва сабзавот истифода мешавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зардхок // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — С. 124. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.