Зардчаи кирмак – яке аз касалиҳои вирусии хатарноки кирмина ва зочаи кирмакҳои абрешими тут ва булут. Манбаи асосии паҳншавии ангезандаи З. к. кирминаҳои касал мебошанд. Фавти зиёди кирминаҳо аз З. к. бисёр вақт то давраи оғози пилатанӣ ба мушоҳида мерасад. Ҷисми кирминаи касал кӯтоҳи варамида аст; пӯсти он зуд дарида, аз он ҳемолимфаи сафедтоб мешорад. Ҳангоми дар давраи зоча (ғумбак)-ӣ фавтидани кирминаҳо аз пилае, ки дар назди гӯш афшонда мешавад, садои ба пилаи солим хос намеояд (онро пилаи «кар» меноманд). З. к. муолиҷаи махсус надорад. Бо мақсади пешгирии З. к. гандзудоии кирмакхона ва асбобу анҷоми он, ба кирмак додани ғизои серангиштоб, фароҳам овардани ҳарорати мусоид барои ғизодиҳӣ ва ғ. зарур мебошад.

Адабиёт

вироиш