Зарина Бадалова (14 феврали 1988, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театру синамо ва садогузори филм.

Зарина Бадалова
Таърихи таваллуд: 14 феврал 1988(1988-02-14) (36 сол)
Зодгоҳ: Душанбе
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи филм, садогузор
Корнома: 2007 — токунун

Зиндагинома вироиш

Зарина Бадалова 14 феврали соли 1988 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ дар хонавода фарзандӣ хурдӣ буд. Дар мактаби № 51-и шаҳри Душанбе таҳсил карда, аз синни 12-солагӣ шавқи ҳунарпеша шуданро доштааст. Пас аз хатми мактаб бинобар мухолифати модараш барои ҳунарпеша шудани ӯ, иҷборан ба коллеҷи тиббӣ ҳуҷҷат месупорад, аммо ба азмаш устувор истодаву ба дарс намеравад[1]. Хонавода исрору саъйи ӯро дида, дигар эътироз намекунанд ва Зарина дар соли 2007 ба факултаи актёри драма ва кинои Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дохил шуда, соли 2012 онҷоро хатм мекунад. Ҳоло ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов мебошад[2].

Театр вироиш

Дар соли аввали донишҷӯӣ муаллими донишкада Нозим Меликов ба ӯ пешниҳод мекунад, ки дар Театри ҷавонони Тоҷикистон нақши духтари ҷавонро бозӣ кунад. Ба пешниҳоди устодаш ӯ ба театр омад бори аввал дар саҳна дар

намоишномаи «Рӯзе дарозтар аз қарн» аз рӯи асари Чингиз Айтматов нақши Ҷамиларо бозидааст[1].

Дар саҳнаи театр нақшҳои зиёде офаридааст. Ҳамчун коргардон намоишномаи «Замоне барои ишқ…» — ро ба саҳна гузоштааст.

Синамо вироиш

Дар синамо нақшҳои камтаре дорад, бо ин ҳол, дар соли 2021, дар ду филми тоҷикӣ ба таври ҳамзамон бозӣ кард[1].

Ҷоизаҳо вироиш

2013 — Ҷоизаи беҳтарин нақши зан, ҷоизаи махсуси ҳакамон барои беҳтарин этюди коргардонӣ (Ҷашнвораи театрии «Нигоҳи нав», Душанбе).

2018 — Ҷоизаи беҳтарин нақши зан барои моноспетакли «Актриса» (Ҷашнвораи «Фазои ҷавонӣ», Сочӣ)[3].

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 Сыграть «Актрису». Как Зарина Бадалова вышивала декорации и мастерила куклы для своего моноспектакля – YOUR(рус.) (27 Январ 2022). 14 феврали 2023 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  2. Барнои Қодирдухт. Заррина Бадалова: “Ҳамсари ман театр аст”(тоҷ.), Радиои Озодӣ (28 май 2013). Проверено 14 феврали 2023.
  3. Сайёра ШУКУРЗОДА. Сайри дунёи Зарина Бадалова дар 3000 сония бо 35 суол. javonon.tj. Ҷавонони Тоҷикистон (10 феврали 2023). 14 феврали 2023 санҷида шуд.

Пайвандҳо вироиш