Зариф Қории Тошкандӣ
Зариф Қории Тошкандӣ (форсӣ: ظریف قاری تاشکندی, 1870, Тошканд — 1958, Гулҷа, Хитой) — хаттот, тарҷумон ва шоир.
Зиндагинома
вироишДар мадрасаи Бегларбегии Тошканд дар назди Шоҳмахдум Охунд таълим гирифтааст. Забонҳои форсӣ-тоҷикӣ, арабӣ ва русиро хеле хуб медонист. Асари «Соқинома»-и Алишер Навоӣ ва Фузулиро бо хатти зебову хоно китобат карда (1889), ашъори дар асарҳои «Афзалу-т-тазкор» (1904) ва «Баёзи муҳалло» (бо зарҳал ороиш ёфтааст, 1911) воридшудааш масъала ва мавзӯъҳои эътирозу норозигӣ аз кулфатҳои замона ва беадолатии ҳокимони давр, садоқат бар инсонро дар бар мегиранд. Тақризи бар «Хамса»-и Алишер Навоӣ навиштаи Зариф Қории Тошкандӣ дар матбааи Пурсев (Руссия, 1905) ба чоп расидааст. Ба шаҳрҳои Қошғар, Оқсув ва Гулҷа (Хитой) сафар кардааст ва дар Қошғар асари ба забони арабӣ навиштаи Абдулҳайи Лакҳнавӣ «Нафу-л-муфтӣ»-ро ба забони форсӣ тарҷума ва китобат кардааст (1915). Чанд асари тарҷумаю китобатшуда ва маълумот дар хусуси эҷодиёти ӯ дар хазинаи Ин-ти шарқшиносии АИ Узбекистон маҳфуз мебошанд (№ 321, 3471, 4243, 6126, 2252, 5332 ва ғ.).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зариф Қории Тошкандӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.