Зарфи замон
Зарфи замон вақту замони воқеъ шудани амалу ҳолатро нишон медиҳад.Зарфи замон инҳо мебошанд: доим//доимо, ҳоло, гоҳо, дер, аллакай, зуд, минбаъд, ҳамеша, акнун, ҳозир, рӯзона, шабона, ҳанӯз, алҳол, ҳамоно, асло, дарҳол, аввал, фаврӣ(фавран), барвақт, беист, мудом, дина, дирӯз, қаблан, абадан, баъзан, ҳаргиз, баъд, навакак, гоҳ-гоҳ, гоҳ-ногоҳ, сонӣ, дам ба дам, рӯз ба рӯз ва ғ.
Мисолҳо
вироиш- Падари Ҳалимҷон бошад, навакак ба корхонаи худ ба идораи газета рафта буд (Пӯлод Толис).
- Гоҳ-ногоҳ хабар мегирифт (Ҷалол Икромӣ).
- Гоҳо монанди тирамоҳи гузашта ба ёди шаҳрҳои дур меафтодам (Сотим Улуғзода).
- Чашмони ҳоло ҳам пурнури пирамард аз таҳти абрӯвони сап-сафеди ғафсаш медиданд (Пӯлод Толис).
Нигаред низ
вироишАдабиёт
вироиш- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. — Душанбе: Дониш, 1985. — 272 саҳ.