Зарёби Муғаннӣ
Зарёби Муғаннӣ (Зарёби Басрӣ, Абӯлҳасан Алӣ ибни Нофӣ, с. тав. 811, Басра, с. ваф. 868 Андалусия), сароянда, оҳангсоз ва мусиқидон, эронитабор. Падару модараш аз муҳоҷирони эронитабор буда, мусиқиро аз падараш омӯхт. Сознавозӣ (барбат-уд), овозхонӣ ва асосҳои назарии мусиқиро назди Исҳоқи Мавсилӣ (767-850) омӯхта, дар сози уд ихтирооти зиёде намудааст. Дар сабки иҷроӣ худ мустақил буда, бо Исҳоқи Мавсилӣ баҳсу талошҳо намуда, оқибат ранҷидахотир шуда, ба Андалусия муҳоҷират намуд. Дар Андалусия (Кордова) мактаби илмию амалӣ сохта, дар таърихи мусиқӣ бо номи «Асосгузори мактаби мусиқии Андалусия» ворид шудааст. Дар ҳаёти мусиқии Андалусия таҳаввулоти ҷиддию эҷодию иҷроӣ ворид намуда, дар сохти торию пардавии барбат (уд) вобаста ба сабки иҷроию эҷодии мактаби Андалусия тағйироте дохил кардааст. З. тарафдори воридсозии сабки иҷроии мардумӣ ба сабки устодона будааст ва ин кӯшишу тозакори-ҳояшро Исҳоқи Мавсилӣ, намояндагони мактаби мусиқии Бағдод намепазируфтанд. Китоби назарие бо номи «Китобу-л-тараннум» нигошта, назди ромишгарони Андалусия чун дастури омӯзишии асосҳои мусиқӣ эътибор доштааст.
Зарёби Муғаннӣ | |
Таърихи таваллуд | . 811 |
Зодгоҳ | ш. Басра |
Таърихи даргузашт | 868 Андалусия |
Пеша(ҳо) | мусиқидон,сароянда |
Адабиёт
вироиш- Абӯлфараҷи Исфаҳонӣ, Китобу-л-оғонӣ, Миср, 1900-1905;
- Еолян И. Очерки арабской музыки, Москва, 1977;
- Шаъбонӣ А. Аз Куруш то Паҳлавӣ, Шероз, 1348;
- Машҳун Ҳ. Таърихи мусиқии Эрон, ҷ.1, Теҳрон, 1376;
- Раджабов А. Из истории развития тадж. муз. культуры в 5-12 вв., канд. дисс., Душ., 1982;
- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душ., 1988.[1]
Ҳамчунин нигаред
вироишСарчашма
вироиш- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 75 ISBN 978-99947-49-13-3