Зауроподҳо
Зауроподҳо (англ. Sauropoda) — зерқатори хазандаҳои рустанихӯри мунқариз аз қатори динозаврҳои устухонкос. Дар давраҳои юра ва табошир зиндагӣ кардаанд. Зауроподҳо аз ҷумлаи ҷонварони калонтарин буда, то 30 м дарозӣ доштанд. Танашон бузург, вале нисбатан кӯтоҳ буд. Пойҳои сутунмонанд, гардан ва думи дароз, сари нисбатан хурд доштанд. З. эҳтимол дар кӯлу ҳавзҳои калон, баҳрҳои дохили материк ва амсоли онҳо зиндагӣ мекарданд. З. 2 оила доштанд, ки ҷинсу намудҳои сершуморро дар бар мегирифт, мас; диплодок, апатозавр (бронтозавр), брахиозавр, камаразавр ва ғ. Боқимондаҳои сершумори З. дар ҳамаи материкҳо ёфт шудааст. Зауроподҳоро дар Фарғона низ пайдо кардаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зауроподҳо // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — С. 166. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.