Зауроптеригияҳо (англ. Sauropterygian) — хазандагони мун­қариз. Дар давраи мезозой (245–64,5 млн сол қабл) зин­дагӣ кардаанд. З. нотозаврҳо, плезиозаврҳо, эҳтимол плако­донтҳоро дар бар мегирифтанд. З. барои дар об зиндагӣ кардан хеле мутобиқ шуда буданд. З.­и аз ҳама бузург­ҷусса – плезиозаврҳо буданд, ки то 12 м дарозӣ доштанд. З. назар ба ихтиозаврҳо ва мозазаврҳо хубтар шино ме­карданд. Нотозаврҳо дар давраи триас (245–208 млн сол пеш) зиста, З.­и нисбатан сода ба шумор мерафтанд. Он­ҳо, эҳтимол, саравлоди плезиозаврҳо (аз охири давраи три­ас то давраи табошири охир зиндагӣ кардаанд) буданд. Но­тозаврҳо думи кӯтоҳ, тани дароз ва пойҳои шабеҳ ба пой­ҳои муҳрадорони хушкигард доштанд (эҳтимол дар хуш­кӣ низ ҳаракат мекарданд). Боқимондаи плезиозаврҳо дар Англия, Олмон, инчунин аз таҳнишастҳои давраи табошири поини ИМА ёфт шудаанд. Ҷуссаи онҳо ғафс, шикам ва устухони косашон нисбатан паҳн буд; пойҳои белшак­ли пурқувват, ангуштони сербанд доштанд. Дандонҳои паҳ­ни плакодус (Placodus) ва З.­и дигар барои майда кардани нармбаданҳо мувофиқ буданд. Бисёр плакодонтҳо зиреҳ доштанд.

Адабиёт

вироиш