Зафар Саидов
Зафар Шералиевич Саидов - Директори генералии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Зафар Шералиевич 18 декабри соли 1961 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи рақами 66-и пойтахтро хатм кардааст. Соли 1983 баъди хатми факултаи таърихи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон то 1 июли соли 1987 дар кафедраи фалсафаи ҳамин донишгоҳ дарс медод. Моҳи июни соли 1989 дар мавзӯи фалсафаи иҷтимоӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя кард.
Зафар Шералиевич Саидов | |
Таърихи таваллуд | 18 декабр 1961 (62 сол) |
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Пеша | омӯзгор, сиёсатмадор, диплумот, рӯзноманигор |
Баъдан дар вазифаҳои мудири шуъбаи идеологии Кумитаи Марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, сармутахассиси Кумитаи кор бо ҷавонони Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, сармутахассиси дафтари матбуотии Президент ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор кардааст. Аз моҳи ноябри соли 1995 то моҳи декабри соли 2003 котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов буд.
Саидов З.Ш. муаллиф, ҳаммуаллиф ва мураттиби китобҳо дар бораи фаъолияти серсоҳаи Раҳмонов Э.Ш. дар маснади Сарвари давлат мебошад, аз ҷумла:
Пайвандҳо
вироиш- [1] Бойгонӣ шудааст 20 августи 2007 сол.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |