Захм
Захм (лот. vulnus, eris n.) — маҷрӯҳшавии ягон ҷои бадани одам, ки боиси осеби бофтаҳои мушак, асаб, раг ва ғ. мегарданд. Захм сода (осеби танҳо пӯст) ва мураккаб (осеби бофтаҳои зери пӯст) мешавад.
Захме, ки ба қисмҳои ҷавфи дарунӣ(қафаси сина, шикам, меъда, ҷигар, шуш ва ғайра) алоқа доранд, гузаранда номида мешаванд. Захм дар натиҷаи таъсири омилҳои беруна, асбобҳои гуногун, механизмҳо ва қисмҳои онҳо ба вуҷуд меояд.
Захмҳо ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:
- аз рӯи вазъияти пайдоиш-ҷарроҳй (осептикӣ), тасодуфӣ, ҷангӣ ва ғайра;
- нисбат ба мавзеи осеби бофта-калон ё хурд;
- аз рӯи механизми осеб ва олоти захмро ба вуҷудоваранда-лат, бурида, дарида ва ғайра;
- аз рӯи шакл-хаттй, сӯрохдор, ситорашакл;
- сироятнок, заҳролудшуда ва ғайра;
- аз рӯи аломатҳои анатомӣ- бофтаҳои пӯсту мушак, рагҳо, асаб, банду буғум ва ғ.
Захми лат, маҷақ ва даридаи пӯст дар натиҷаи бо калтак, санг ва ғ. задан ба вуҷуд омада, ҳуҷайраҳо ва бофтаҳои зери пӯст хуншор мешаванд.
Ҳангоми захми даридаи пӯст қабатқабат ҷудошавии пӯст, ҳангоми газидани ҳайвоноти заҳрдор ба дохили пӯст даромадани заҳр мушоҳида мешавад. Захми аз тир ё шикастапора бавуҷудомада дутарафа (яъне сӯрохии даромад, канали захм ва сӯрохиибаромад дорад) ва яктарафа (тир ё шикастапораи он дар бофтаҳо мемонанд) мешавад.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 170
Ин мақолаи хурд дар бораи осебшиносӣ аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |