Зебоишиносӣ
Зебоишиносӣ (форсӣ: زیباییشناسی), илми ҷамол (ар. فلسفة الجمال), эсте́тика (олмонӣ: Ästhetik, аз юн.-қад. αἴσθησις) — яке аз илмҳои фалсафӣ; мавзӯи таҳқиқи он шинохти зебоӣ, дарку ташхис ва таҳлилу тавсифи илмию фалсафии кулли олами ҳастӣ ва фаъолияти хосси инсону ҷомеа аз дидгоҳи арзишшиносӣ аст.
Мафҳум
вироишМафҳуми «эстетика»-ро бори нахуст донишманди олмонӣ А. Баумгартен дар миёнаи асри 18 ба илм ворид кард, ҳарчанд ақидаҳои зебоишиносӣ аз даврони бостон инҷониб дар шакли пароканда вуҷуд доштанд. Диду завқи зебоишиносӣ ва зебоиписандӣ ва пажӯҳиши он ба ташаккули шуури инсонӣ ва худшиносии ӯ вобастагӣ дорад. Инсони ибтидоӣ ба воситаи нақшу суратҳои рӯи сангҳо, пайкарасозиҳо, рақс, тақлид ба ин ё он овози ҳайвон ва ё падидаҳои табиӣ ҳам худашро меомӯхт ва ҳам олами ҳастиро дарк мекард, мушоҳидаву хулосаҳои хешро ба ҳамқабилагонаш хабар медод. Дар ҳамин фазо инсон шуури худро такмил дод, забони гуфтугӯӣ ихтироъ кард, фаҳмиши мантиқӣ, дониш, сураткашӣ, рақс, овозхонӣ ва ғ-ро ба вуҷуд овард. Инкишофи ақлии инсон ӯро дорои табъу завқ кард ва боис шуд, ки қобилиятҳои инсонӣ мақом ва вазифаҳои дигар, яъне зебоишиносӣро касб кунанд. Ақидаҳои зебоишиносӣ тавъам бо ҷаҳонбинии устуравӣ, динӣ, натурфалсафӣ ва минбаъд фалсафию илмӣ рушду нумӯ кардаанд.
Зебоишиносӣ бо ҳамаи илмҳои муосир, аз ҷумла фарҳангшиносӣ, инсоншиносӣ, равоншиносӣ, таърих, санъатшиносӣ, ҷамъиятшиносӣ, педагогика, диншиносӣ, мардумшиносӣ, сиёсатшиносӣ ва ғ. дар иртиботи зич қарор дошта, барои таҳқиқу пажӯҳиши паҳлуҳои гуногуни олам, хусусан дар шинохти зебоӣ, безебӣ (зиштӣ), шукӯҳмандӣ, назокат, латофат, хушгилӣ, мавзунӣ, номавзунӣ, фоҷиа, мазҳака ва амсоли ин сифату арзишҳо ба мо ёрӣ мерасонад.
Мақулаҳои зебоишинохтӣ
вироишМақулаҳои асосии зебоишиносӣ – зебоӣ, хубӣ, фоҷиа, мазҳака, волоият, безебӣ, ҳунар, бузургӣ, шаҳомат, истеҳзо, латофат ва амсоли инҳо мебошанд, ки ҳар кадом тибқи колбадҳои маънавии хеш падидаҳои олами ҳастӣ ва фаъолияти инсону ҷомеаро дар ягонагиву ҳамбастагии якдигарӣ таҳқиқу баррасӣ мекунанд.
Навъҳои мақулаҳои зебоишинохтӣ
вироишМақулаҳои зебоишиносӣ ба 12 навъи мухталиф гурӯҳбандӣ шудаанд:
- Шинохти зебоишиносии олам
- Шинохти ҳунар ва санъат
- Шинохти ҷомеа ва ҳунар аз диди зебоишиносӣ
- Шинохти зебоишиносии инсон ва ҳунар
- Арзишшиносии зебоишиносӣ
- Моҳият ва сохтори асари бадеӣ
- Мақом ва саҳми шахсият дар фарҳанги зебоишиносӣ ва ҳунар.
- Шинохти фарҳанги бадеӣ аз нигоҳи зебоишиносӣ
- Раванди эҷоди бадеӣ
- Шинохти завқу дарки зебоишиносӣ
- Равоншиносии зебоишиносӣ ва ҳунар
- Тақсимбандии намуди ҳунарҳо
Назарияи маърифати зебоишинохтӣ
вироишНазарияи маърифати зебоишиносӣ дар чорчӯби сохти таркибии шуури зебоишиносӣ асос ёфтааст. Сохти таркибии шуури зебоишиносӣ аз рукнҳои зерин иборат аст: ҳиссиёти зебоишиносӣ, мушоҳидаҳои зебоишиносӣ, дарки зебоишиносӣ, завқи зебоишиносӣ, мулоҳизаи зебоишиносӣ, нақди зебоишиносӣ, ормони зебоишиносӣ Шуури зебоишиносӣ бо фаъолияти он алоқаманд буда, дар раванди фаъолият бо афзудани таҷрибаву малака шакл ва мундариҷаи худро такмил медиҳад. Зебоишиносӣ ҳамчун як бахши фалсафа дорои қонуният ва усули омӯзиши хосси фалсафӣ мебошад. Қонунҳо ва мафҳумҳои зебоишиносӣ дар маҷмӯъ тарзи азхудкунии зебоишиносӣ ва бадеияти оламро дар худ инъикос менамоянд. Қонунҳои зебоишиносӣ раванд, муносибат ва алоқамандии моҳиятҳову падидаҳоеанд, ки маъмулан такрор меёбанд, нисбатан устуворанд, нишондиҳандаи воқеии паҳлуҳо ва хусусиятҳои мухталифи фаъолияти зебоишиносии инсон мебошанд. Ин қонунҳо бо қонунҳои фалсафа ва фарҳангшиносӣ, равоншиносӣ, ҷамъиятшиносӣ дар иртиботанд.
Қонунҳои зебоишинохтӣ
вироиш1. Метақонунҳо ё сарқонунҳои фаъолияти зебоишиносӣ, ки фаъолияти муҳимми инсон ва ҷомеаро дар мавриди шинохти зебоишиносии олами моддӣ ва маънавӣ ифода мекунанд. Фаъолияти зебоишиносӣ тибқи ин метақонунҳо дорои чунин хусусиятҳои умумист: а) мутобиқ шудан ба меъёр ва табиати дохилии ашёи азхудшаванда; б) ҳадафи асосӣ – тавлиди арзишҳои волои умумибашарӣ, арзишҳои устувору абадӣ; в) дорои таъсири иҷтимоӣ.
2. Қонуни ҳунар ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ. Ҳунар ё санъат: а) ба вазъи иқтисодӣ вобаста аст; б) дар муносибат бо иқтисодиёт мустақилияти нисбӣ дорад; в) раванди ҳунар таърихӣ аст; г) дар ҷомеаи синфӣ хусусиятҳои синфӣ, миллӣ, ғоявӣ, динӣ ва дунявӣ касб мекунад; д) бо олами ҳастӣ таъсири мутақобила дорад: олами ҳастӣ мудраки инъикос ва манбаи илҳоми ҳунарвар аст. Ҳунарманд ҳам ҳастиро аз ҳар нигоҳ, бахусус аз диди зебоишиносӣ, меомӯзаду худ низ ташаккули маънавӣ меёбад, ҳам бо асарҳои хеш ба шуури хонанда, шунаванда ва бинанда таъсир расонда, дар беҳбудии муҳити атроф ва табиат саҳм мегузорад.
3. Қонунҳои эҷоди асарҳои бадеӣ. Зебоишиносиро ҳамчун фалсафаи ҳунарҳои зебо (санъат) низ медонанд. Зебоишиносӣ ба масъалаҳои умумии тафаккури бадеӣ сари кор дорад. Эҷодкорӣ ҳамчун зинаи олии зебоишиносӣ ва зебоидӯстдории инсон яке аз падидаҳои мураккаби ақливу равонӣ буда, намунаи олитарини қобилиятҳои инсонист. Маҳз ҳамин табиат байни инсон ва олами набототу ҳайвонот фарқ мегузорад. Асарҳои илмию адабӣ ва ҳунарӣ дар баробари мазмуни иҷтимоӣ ва фалсафӣ сифату хосияти зебоишиносӣ низ доранд, зеро дар онҳо масъалаҳои баррасишаванда аз дидгоҳи арзишҳои ахлоқию зебоишиносии шахс, қавм, миллат ва аҳли башар дар шакли бадеӣ тавъам инъикос меёбанд. Тамоми пешрафти ҳунари башарро аз замони бостон то имрӯз ҳамчун таърихи рушду ивазшавии назарияҳои бадеию зебоишиносӣ муаррифӣ кардан равост.
4. Қонунҳои раванди фарҳанги бадеӣ: а) диалектикаи рушди таърихии ҳунар, ки ҷараёни инкишофи дохилии таъсири мутақобили ҳунарҳоро байни худ инъикос мекунад; б) хусусияти раванди фарҳанги бадеӣ; в) тақсимбандии ин раванд ба марҳилаҳои муайяни таърихӣ; г) алоқамандии ин раванд бо раванди кулли фарҳанги бадеии ҷаҳонӣ.
5. Қонунҳои дарки бадеӣ. Раванди дарки бадеӣ хусусиятҳои худро дорад. Дарки бадеӣ аз эҳсосот, маърифат ва андешаи зебоишиносӣ иборат буда, яке аз рукнҳои муҳимми иртиботи ҳунар ва инсон ба ҳисоб меравад. Дарки бадеӣ дар маҷмӯъ ҳаловати зебоишиносӣ бахшида, шахсро дар татбиқи ормонҳои инсондӯстӣ фаъол менамояд.
Ақидаҳо ва таълимоти зебоишиносии мардуми эронитабор
вироишАқидаҳо ва таълимоти зебоишиносии мардуми эронитабор, бахусус миллати тоҷик, таърихи хеле қадима дошта, фарҳанги чандинҳазорсолаи мардуми мо, дар баробари шакли устуравӣ ва динӣ доштанаш, мазмуни ҳикматдӯстдорӣ, зебоишиносӣ ва зебоиписандиро касб кардааст. Дар баробари рушди анвои ҳунарҳои қадима (ба мисли меъморӣ, пайкарасозӣ, нақшу нигораҳои деворӣ, санъати ороишӣ) сухани бадеӣ, сухани шоирона мавқеи хосси шинохти зебоӣ ва зебоишиносӣро интихоб карда буд. Дар даврони бостон барои мардуми тоҷик (эронитаборон) мушоира яке аз воситаҳои маърифати зебоишиносӣ буд. Дастаҳои мухталиф бо ҳам рақобат мекарданд ва дастаи ғолиби озмун дар давоми як сол бо ғизову дигар маҳсулоти ниёзи зист таъмин мешуд. Мардуми Эрони Бостон шоиронро ба ҳайси паёмбар эҳтиром мекарданд. Дар он даврон мардуми мо аз «ҳаома» – гиёҳе, ки қиёми он ба инсон рӯҳи эҷодгарию зебоишиносӣ мебахшид, истифода мебурданд.
Дар матнҳои Авесто
вироишДар матнҳои Авесто зебоишиносӣ ва зебоиписандӣ дар муборизаи бадиву некӣ, рӯшноиву торикӣ, аҳуромаздоиву аҳриманӣ, зебоӣ ва безебӣ нишон дода шудааст. Ҷаҳони кабир (Аҳура Маздо) ва Ҷаҳони сағир (Анграмайню) низ дар ҳамин муқобилгузории зебоишиносӣ дарк мешуданд. Дар Авесто тасвири Аноҳита аз шинохти баланди зебоӣ ва зебоишиносӣ доштани мардуми мо дарак медиҳад: «Он гоҳ Ардвисура бо пайкараи дӯшизаи зебо, барӯманд, камар бар миён баста, ростболо, озода, нажода, бузургвор, мӯзаҳои заррин дар по ва бо зеварҳои бисёр ороста равон шуд... Барсам (шохаи дарахти хушбӯ) бар даст гирифта, гӯшвораҳои заррини ҷаҳоргӯшае аз гӯшҳо овехта ва гарданбанде бар гардани нозанини хеш баста, намоён мешавад...». Пурсида мешавад: «Чаро гузаштагони мо китоби муқаддаси худ – Авесторо ба шакли назми қофиядор таълиф кардаанд?» Посух гуногун аст, вале як сабаби бисёр муҳим он аст, ки ниёгони мо зебоидӯсти хуб буда, ҳисси зебоишиносии баланд доштаанд. Зебоишиносӣ дар сифатҳои оливу симои зебо ва неруҳои неки маздоӣ – некӣ, ростӣ, рӯшноӣ, пешвоӣ, доноӣ, шуҷоату тавоноӣ, нерумандиву қавииродагӣ, ростқавливу сахигӣ, ростболоӣ, чашмони рӯшан, бозувони тавоно, дар чеҳра ва хусусиятҳои беҳтарини одамӣ ё сифатҳои беҳтарини ҳайвоноти аҳлӣ ва судманду безарар баён шудааст. Зебоишиносии ниёгони мо инчунин дар тасвири неруҳои аҳриманӣ, бадиву безебӣ – девҳо, дурӯғгӯӣ, бадӣ, табаҳкорӣ, маккорӣ, ҷодугарӣ, тасвиру ташбеҳи ҳайвоноти зарарнок ва махлуқоти аҳриманӣ, чашмони хира, хушксолӣ, бемориҳои сирояткунанда ва амсоли инҳо таҷассум ёфтааст.
Даврони ҳукмронии Ҳахоманишиён
вироишДаврони ҳукмронии Ҳахоманишиён (550–330 то м.) яке аз муҳимтарин марҳилаи зебоишиносии эрониён ба шумор меравад. Осори аз ин даврон боқимонда, бахусус кохи Тахти Ҷамшед – пойтахти Ҳахоманишҳо, ки 200 сол обод будааст, на танҳо аз азамати беназири ҳукмронии онҳо, балки аз шукуфоии ҳунармандӣ, бунёди кохҳои бошаҳомат ва маърифати баланди зебоишиносии мардуми эронӣ шаҳодат медиҳанд.
Марҳилаи дигари зебоишиносии мардуми ориёӣ «давраи ҳеллинӣ» унвон дорад, ки моҳияташ тавъам омадани суннатҳои фарҳангҳои юнонӣ ва эронӣ мебошад. Дар шаҳрҳои Эронзамин сохтани тарзи юнонии биноҳо, ҳайкалтарошӣ, сиккасозӣ, санъати тасвирӣ, кулолгарӣ ва ғ. авҷ гирифт. Марҳилаи дигари рушди зебоишиносӣ давраи Кушониён мебошад. Дар ин давра бо сабаби гуногунандешии ғоявию мазҳабӣ динҳои зиёд густариш ёфтанд. Дар ҳамин замина ҳунарҳои зебо ва зебоишиносӣ низ рӯ ба тараққӣ оварданд. Бахусус рушд ва камолоти санъатҳои меъморӣ, рассомӣ, муҷассамасозӣ, наҷҷорӣ, санъати ороиши толорҳо ва ҳам санъатҳои хурд, ба мисли рассомӣ, заргарӣ, кулолӣ ва ғ. назаррас буд. Тибқи маълумоти бостоншиносон, дар минтақаи Афғонистони имрӯзӣ ва ҷануби Осиёи Миёна намунаи санъати ҳайратовар ёфт шудааст, ки таҷассумгари анъанаҳои санъати маҳаллӣ ва ҳеллиниву румӣ будааст.
Монӣ ва монавиён бо истифода аз ҳунарҳои зебо, бахусус санъати тасвирӣ, писанди қишрҳои васеи ҷомеаи ҳамонвақта, бахусус аҳли камбизоат ва косибону ҳунармандон гардиданд. Аз нигоҳи зебоишиносӣ, даврони Сосониён шоҳиди арзандатарин дастовардҳои тамаддуни эронӣ буда, сулолаи онҳо дар эҳёи анъана ва суннатҳои Ҳахоманишиён саҳми беназир гузошт. Маҳз давлатдории сосонӣ барои ҳунармандону санъаткорон ва меъморони бумӣ фазои муносиб фароҳам овард, ки онҳо ғояи зебоиписандию зебоишиносии ашрофию дарбории Ҳахоманишиёнро дар муҷассамаҳои баланди Бесутун, бунёди кохҳо, нигораҳои деворӣ, кулолгарӣ, заргарӣ ва амсоли инҳо дар сатҳи волои завқу касб эҳё карданд. Мавзӯъ ва мундариҷаи асосии асарҳо дар ин намудҳои ҳунар пойдории дини эронӣ, тасвиру васфи Аҳура Маздо, Аноҳита, Митра ва амсоли инҳо буд. «Сӣ лаҳн»-и Борбад ба васфи шоҳон ва паҳлавонон – қаҳрамонони ҷанги зидди румиён ва ҷашнҳои Меҳргону Наврӯз бахшида шудааст. Завқу маҳорати санъатгарони сосонӣ беш аз ҳама дар филизкорӣ назаррас буд. Зарфҳои симину заррин ё рехтагаришуда бо филиззоти ранга, гоҳе ба шакли ҷонварон ва парандагон, бо маҳорати касбии баланди ҳайратовар сохта шудаанд. Санъатгарон дар сохтани зарф аз услубҳои мухталиф истифода мекарданд. Нақшмояҳо ғолибан аз тасвири Аҳура Маздо, Аноҳита ва Митра иборат буданд. Абрешимбофӣ тавассути шоҳони сосонӣ дар Эрон роиҷ шуд ва матоъи абрешимии эронӣ ҳатто ба бозорҳои Аврупо роҳ ёфт. Дар санъати гулкориву ороишии сосонӣ ҳунарварон ғолибан нақши ҷонвару парандагон ва гиёҳҳоро дар тасвири маъмулии рӯ ба рӯ ё пушт ба пушти шабеҳи якдигар истифода мебурданд. Рамзи дарахти асурӣ бо тарзҳои мухталиф, вале ҳамоҳанг бо сабки гулкориҳои сосонӣ таҷассум ёфтааст. Баъдтар дар даврони ислом, сулолаи Сафавиён ҳамин ташаббуси зебоишиносии Сосониён, бахусус расму оини ҷашнҳои дарбориро тақвият доданд.
Зебоишиносӣ дар замони ислом
вироишБо пирӯзии ислом Эронзамин бахше аз ҷаҳони ислом шуда, дар шаклгирӣ ва таҳаввули фарҳанг ва зебоишиносии исломӣ нақши муҳимро иҷро кард. Дар оғози садаи X ва чанд асри дигар абармардоне, ба мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Закариёи Розӣ ва дигарон, баҳри дифои асолати фарҳанг ва тамаддуни эронитабор бархостанд. Маҳз дар ҳамин даврон дар минтақа фазои эҳёгарии эронӣ падид омад, ки ин падидаро баъзе аз пажӯҳишгарон Эҳёи эронитаборон ё Эҳёи Аҷам ном гузоштаанд. Дар ин замон дастовардҳои барҷастаи пешини эрониён, бахусус анъанаи ҳунару зебоишиносии Сосониён идома ёфт. Дар Фарҳангистони Маъмун олимони забардасти замон – Абурайҳони Берунӣ, Абусаҳли Масеҳӣ, Абулхайри Хаммор ва дигарон барои рушди фарҳанги зебоишиносии он давр заминае сохтанд; бо дастовардҳои бумиву мероси ақлии Юнону Руми Қадим барои рушду нумӯи тамаддуни навини даврони исломӣ камар бастанд. Ин мутафаккирон назарияҳои озодандешиву инсонгароиро низ бо тарзи хеш аз диди зебоишиносӣ ироа кардаанд. Мас., Ибни Сино аз мавқеи фалсафаи машшоъ таълимоти сирф фалсафиро доир ба зебоишиносӣ дар шакли пароканда пешниҳод кардааст, ки онро зимни муҳтавои таълимоти умумии файласуф мебояд ҷуст. Шайхурраис дар осори худ дар бораи фаҳмиши масъалаҳои мубрам ва калидии зебоишиносӣ арзи ақида карда, роҷеъ ба ҳастӣ ва назарияи маърифати зебоишиносӣ, табиати диди зебоишиносӣ, мақула ва мафҳумҳои калидии роиҷи замон – зебоӣ, безебӣ (зиштӣ), эҷоди бадеӣ, илҳом ва ҳадс, мақулаҳои зебоишиносӣ, мақоми шеър нигоҳи хосса пешниҳод намудааст. Мавзӯи марказии андешаронии ҳаким робитаи сабабият ва натиҷа мебошад. Сабабият (дар симои Офардигор) аз диди Ибни Сино ҳастии асл ва олами воқеӣ судури ин ҳастӣ мебошад. Тибқи ин нигоҳ, метавон зебоии мутлақро дар сабабият ёфт; он дорои унсурҳои «мавзунӣ», «ҳамоҳангӣ», «мутаносибӣ», «ваҳдат» ва унсурҳое мебошад, ки минбаъд олимони зебоишинос онҳоро ҳамчун сифатҳои бунёдии идеали зебоишиносӣ ва зебоӣ донистаанд. Тибқи таълимоти Ибни Сино, дарки ҳастӣ барои ҳайвон ба ҷуз ҳисси ирсӣ чизи дигаре эҷод намекунад, вале барои инсон ҳастишиносӣ заминаи ҳавасмандонаи нафсию ақлӣ дорад. Аз ин рӯ, шинохти зебоӣ ва зебоишиносӣ барои инсон бетафовут нест. Зебоие, ки ба сабабият наздик аст, дорои ҳусни мавзун, латиф, мутаносиб ва комил мебошад; ҳар падидаи зебо, ки ба асл наздик аст, нотакрору беҳамтост. Инсоне, ки сабабиятро донистан мехоҳад, бояд зебоии асилро шиносад. Маҳз ҳамин таъкиди асливу ноаслии зебоӣ барои тамаддуни кунунии башар бисёр мубрамияту аҳаммияти хосса дорад. Мутаассифона, тамаддуни кунунӣ, ки дар заминаи бозориву индустриалӣ равнақ меёбад, арзишҳои зебоӣ ва зебоишиносӣро аз байн бурда, сабаби паст шудани завқи зебоишиносии мардум гардидааст; қисми зиёди мардум рӯ ба падидаҳое овардаанд, ки дар асл арзиши зебоиписандӣ надоранд, аз фарҳанги асил дуру назарфиребанд.
Дар бораи таълимоти фалсафию зебоишиносии Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Мавлонои Балхӣ ва даҳҳо мутафаккирони дигар имрӯзҳо танҳо пажӯҳишҳои пароканда вуҷуд доранду бас. Дар бораи назария ва амалияи зебоишиносии даврони ислом то ҳанӯз асарҳои бунёдӣ кам ба назар мерасанд. Ҳарчанд роҷеъ ба бархе намудҳои фарҳанги бадеию назариявии тасаввуф, санъати китобороӣ, хаттотӣ, минётура, меъморӣ, мусиқӣ, нақшу нигор (орнамент), фарҳанги либоспӯшӣ ва ғ. пажӯҳишҳои ҷолиб анҷом дода шудаанд, аммо ҳамаи ин падидаҳо аз дидгоҳи фалсафаи фарҳанг ва зебоишиносӣ ба таҳлили умумӣ ниёз доранд. Дар даврони ислом таърихи зебоишиносии форс-тоҷик дар мавриди такмили тафаккури зебоишиносӣ саҳифаҳои ҷолибе дорад. Мас., дар ислом тасвири Офаридгор дар намуди муҷассама ва уқнум манъ аст. Ҳунарҳое, ки дар аввал ислом эътироф кард, меъморӣ ва наҷҷорӣ ё мунаббаткорӣ буданд. Дар ин гурӯҳ мусиқӣ, мавъиза (хитоба) ва қироати Қуръон шуҳрат ёфт. Бо мурури замон дар чорчӯби фарҳанг ва санъати исломӣ санъати китобороӣ, санъати тасвирӣ (минётура), мусиқӣ, меъморӣ, санъати ороишӣ дубора рушд карданд. Яке аз падидаҳои ҳайратовари зебоишиносии санъати сухан дар замони ислом ин буд, ки бо сабаби мамнӯъ гардидани санъати тасвирӣ ва фалсафа назму насри классикӣ дар худ андешаҳои фалсафӣ ва санъати тасвириро ҷой дод. Осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хайём, Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷомӣ ва дигарон аз ин шаҳодат медиҳанд. Масалан, андешаҳои фалсафӣ:
Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирду гардон аст.
Ҳамеша, то бувад, оин-ш гирдгардон буд…
Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд
Ва нав кунад ба замоне ҳамон куҷо хулқон буд.
Андешаи фалсафию тасвирӣ:
Намудат фурсати умри шарор аст,
Нафас то мекашӣ, оина тор аст.
Баъд аз садаи XV пешрафти тафаккури фалсафию зебоишиносии форс-тоҷик дучори буҳрон гардид. Гоҳ-гоҳ самои тираву тори тамаддуни форс-тоҷикро ситораҳое дурахшон мекарданд, вале боз тирагиву сукут ҳукмфармо буд. Ҳегел роҷеъ ба мардуми форс-тоҷик навиштааст: «Шоир бо рағбати беандоза дар ҳама чизҳо муъҷизаи илоҳиро мебинад ва ҳангоми дарки Парвардгор аз «ман»-и худ даст мекашад... Дар ӯ он маҳрамияти пурфараҳ, саодати озод, мустағрақ гаштан дар ваҷду кайфият пайдо мешаванд, ки хосси инсони шарқист. Ӯ инсонест, ки аз вижагии худӣ даст шуста, бо тамоми вуҷудаш дар олами абадият ва мутлақ ғарқ мегардад ва дар ҳама чизҳо нишона ва ҳузури илоҳиро дарк ва эҳсос менамояд... Ҳангоме ки ашъори Ҳофизро мехонӣ, дар шубҳа меафтӣ, ки оё одамони шарқӣ ҳунари наққошӣ ва ё ҳунари тасвирӣ доранд, ё не?... Бо ин ҳама, дар ашъори ӯ инсони комил бо шаробу базмҳояш, дӯшизаҳояш, бо хилвату ғайраҳояш зуҳур меёбад».
Замони шӯравӣ
вироишДар замони шӯравӣ муҳаққиқони касбӣ афкори зебоишиносии миллати тоҷикро аз давраҳои бостон то замони шӯравӣ мавриди пажӯҳиш қарор доданд. Мас., А. Турсон дар бораи таърихи фарҳанг ва ақоиди зебоишиносии тоҷикон, зебоишинос Ф. Турсунзода роҷеъ ба масъалаҳои таносуби анъана ва навоварӣ дар раванди рушди афкори зебоишиносии миллати тоҷик таҳқиқот гузаронидаанд. Нахустин бор доктори илмҳои фалсафа дар риштаи зебоишиносӣ А. Қурбонмамадов доир ба хусусиятҳои зебоишиносии фарҳанги шифоҳии мардуми тоҷик, зебоишиносии зардуштия, зебоишиносии Фирдавсӣ ва Ҷомӣ таҳқиқоти ҷолиб анҷом додааст. Ду рисолаи ӯ дар бораи ақидаҳои зебоишиносии тасаввуф дастоварди ҷолиб дар зебоишиносии тоҷик ба шумор мераванд. Зебоишиносӣ Ҳ. Юсуфов роҷеъ ба зебоишиносии тоисломӣ ва хушнависи (каллиграфия)-и замони ислом таҳқиқоти арзишнок анҷом додааст. Н. Нурҷонов дастовардҳои зебоишиносии мардуми тоҷикро дар мисоли рақс, маросим, анъана, намоишҳои театрӣ, фарҳанги мавригӣ ва боз даҳҳо паҳлуҳои фарҳанги зебоишиносии мардуми тоҷикро бо анҷом додани таҳқиқоти саҳроӣ ва ҷамъбасти назариявӣ рӯи чоп овардааст. С. Олимова дар бораи ақидаҳои зебоишиносии устод С. Айнӣ, Р. Маллаев роҷеъ ба консепсияи фалсафию зебоишиносии Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» таҳқиқот анҷом додаанд. А. Раҷабов таърихи таҳаввули зебоишиносии мусиқии касбии тоҷикро мавриди омӯзиш қарор додааст. М. Ашрафӣ, Л. Додхудоева, А. Низомов, Г. Майдинова, Р. Муқимов, санъатшиносон Л. Айнӣ, Л. Назарова, Н. Ҳакимов ва чанде дигарон роҷеъ ба арзишҳои зебоишиносии ҳунари тоҷик асарҳои ҷолиб офаридаанд. А. Мирзоев, М. Шакурӣ, А. Сатторзода, А. Афсаҳзод ва дигарон дар шинохти зебоишиносии назму насри классикӣ ва муосир мақола ва рисолаҳо нашр кардаанд. Аммо ин дастовардҳо ҳанӯз ҳам илми зебоишиносии тоҷикро ба таври комил фаро нагирифтаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гегель Г. В. Ф. Эстетика. В 4-х тт. Т. 1–2. М., 1968–69;
- Ригведа. Избранные гимны. М., 1972;
- Брагинский И. С. Исследования по таджикской культуре. М., 1977;
- Беленицкий A. M. Искусство античных и средневековых городов Средней Азии. М., 1977;
- Бойс М. Зороастрийцы. Верования и обычаи. 4-е издание. СПб., 2003;
- Вольф М. Н. Онтологические аспекты иранских влияний на раннюю греческую философию. Новосибирск, 2003;
- История музыкального инструментария таджиков. Х., 2004;
- Рахимов С. Х. Из истории эстетических воззрений таджикского народа. Д., 2005;
- Маллаев Р. К. Философско-эстетическая концепция Фирдоуси в «Шахнаме». Х., 2009;
- Новая философская энциклопедия. В 4 тт. Т. 4. М., 2010.
Сарчашма
вироиш- Зебоишиносӣ / С. Раҳимов // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.