Зевар Давлатзода (Давлатзода Зевар Маҳмудӣ; зод. 10 июни 1972[1], Душанбе) — рӯзноманигори тоҷик.

Зевар Давлатзода

Зиндагинома вироиш

Зевар Давлатзода 10 июни соли 1972 дар Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1994 факултети забонҳои шарқӣ (форсӣ)-и ДДМТ-ро бо дипломи аъло хатм кардааст[2].

Корнома вироиш

Дар Радиои Тоҷикистон ва шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррир, муҳаррири варзида заҳмат кашидааст. Сипас муовини аввали директори АМИТ «Ховар» (2002—2010), директори Телевизиони Баҳористон (2010—2014), директори Телевизиони Сафина (2014—2016) ва аз соли 2017 то соли 2020[3] муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон буд.

Эзоҳ вироиш

  1. Sputnik Тоҷикистон. Зодрӯзи Аминҷон Шукӯҳӣ ва Ҳоҷиҳусайни Кангуртӣ: рӯзи 10 июн дар таърих(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (10 июни 2021). 1 марти 2023 санҷида шуд.
  2. ДАВЛАТЗОДА (ДАВЛАТОВА) Зевар Махмудовна. centrasia.org. ЦентрАзия. 1 марти 2023 санҷида шуд.
  3. Дар бораи аз вазифаи муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Давлатзода З. М.. Садои мардум (20 июни 2020). 1 май 2023 санҷида шуд.