Зерафканд – ба поён ҷаҳидан, майл ба поён; Номи наво, парда, Мақомот (дар мусиқӣ), лаҳни мусиқӣ; Аз суруд, таронаҳои Борбади Марвазӣ (589-90-628-38), ки барои ҷашну маросимоти дарбории Хусрави Парвиз (590- 628) эҷод намудааст. Дар манобеи хаттии мусиқию адабӣ Зерафканд бо номи Кучак ҳам сабт шудааст. Зерафканд доираи 63 дар табақоти адвори маъмула буда ва мусиқидон Маҳмуди Ҳусайнӣ онро дар радифи доираи 59 табақоти адвор хотирнишон кардааст. Тартиби истихроҷи қаторовозҳои Зерафканд дар пардаҳои сози уд ба чунин аст: А+Ҷ+Ҳ+ҲЙ+ЙБ+ЙҶ+ЙВ+ЙҲ=Ҷ-Ҷ-Т-Ҷ-Ҷ-Б-Т-Ҷ[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 77 ISBN 978-99947-49-13-3