Зидмук
Зумудг, Зидмук — силсилаи ёдгориҳои бостонӣ дар соҳили рости рӯди Панҷ, дар наздикии деҳаи Ямчун.
- Гӯристони қадим (асрҳои 5-6) дар шарқи деҳаи Зумудги ҷамоати деҳоти Шитхарв, ки аз 15 қӯрғон иборат буда, аз он 7-тоаш қабри холӣ (кенотаф) аст. Тавораҳои атрофи қӯрғонҳо аз гилу санг девор шудаанд, тарҳашон чоркунҷа, мураббаъ ва мудаввар (3,5-1,4х3-1 м, 4,5-2,3 м, қутрашон 4,3-3,8 м, баландиашон 0,3-1,2 м, паҳнояшон 0,35-0,8 м) мебошад. Дар дохили як тавора пушти ҳам чор чапараки чӯбӣ (масофаи байнашон 90 см, баландиашон 40 см) ва дар маркази тавораи дигар сутунчаи чӯбӣ (баландиаш 25 см) насб шудааст. Баландии деворҳои дохили қӯрғонҳо бештар аз 1 м аст. Дохили қӯрғонҳо бо тахтасангҳои аз девор афтода ва регу шағал пур шудааст. Дар умқи 10-25 см устухонҳои майит ва ашёи гуногун ёфт шудаанд. Дар як қӯрғони Зидмук чанд ҷасадро якҷо гӯронидаанд. Аз дохили қӯрғонҳо чандин зарфи сафолӣ, ҷом, чароғ, ангуштарини биринҷӣ, марҷони шишагӣ, дастпона, пайкон, корд, ғилоф, сагаки камарбанд, тӯмори устухонӣ, шикастапораҳои уд, най ва ғ. ёфт шудаанд.
- Гӯристони қадим (асри 5 — ибтидои асри 6) дар наздикии гӯристони 1-уми Зидмук, ки аз 11 қӯрғон иборат буда, аз он 1-тоаш кенотаф аст. Атрофи қӯрғонҳои ин гӯристон низ тавораҳои сангӣ дошт. Тавораҳо аз ду-се қабат санг бардошта шуда, бо ягон харсанги ҳамшафат пайвастанд. Ҷасадҳо дар қӯрғон ба шакли гуногун, аз ҷумла, каҷпаҳлу (чун тифл дар батни модар), ба пушт, сарашон ба самти шимол, шимолу шарқ ва ҷануб хобонида шудаанд. Дар як қӯрғон ҷасад болои намад хобида буд. Аз ин гӯристон чандин зарфи сафолӣ, дег, кӯза, гӯшвору шаддаи биринҷӣ, найчаи биринҷӣ, зангӯла, дастпона, корди оҳанин, бозубанд, пораи карбоси дурушт, намад ёфт шудааст. Дар як тарафи бозубанд (тарҳаш чоркунҷа) гавазн, дар тарафи дигараш ду мард дар назди қурбонгоҳ тасвир шудаанд. Ҳар ду гӯристон аз ҷониби Ӯ. Бобоев таҳқиқ шудааст (1961-63). 3). Тақвими сангӣ дар болои кӯҳи паси деҳаи Зумудг, ки тарҳаш ба ҳарфи «П» шабоҳат дорад; тавассути он эътидоли баҳоронаи шабу рӯз аз рӯи тулӯъ ва ғуруби Офтоб муайян карда мешуд. Тақвим тақр. ба асрҳои 19-20 мансуб буда, аз ҷониби М. И. Стеблин-Каменский кашф ва таҳқиқ шудааст (1972-76).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зумудг // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Бубнова М. А. Археологическая карта Горно-Бадахшанской автономной области: Западный Памир: (памятники каменного века — XX в.). Д., 2007;
- Ишкошим. Д., 2011.