Зикриё Махдуми Ӯротеппагӣ
Зикриё Махдуми Ӯротеппагӣ (форсӣ: ذکریا مخدوم اوراتپگی; қарни XIX) — хаттоти форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишПас аз хатми мадраса дар Бухоро дар байни мардум ҳамчун донишманду хаттоти моҳир шуҳрат ёфта буд. Зикриё Махдуми Ӯротеппагӣ хатҳои райҳонӣ, насх, таълиқ, настаълиқро бисёр зебову дилчасп менавишт. Соли 1880 ӯ асари «Қиссаи Ҳусайнӣ»-и Ҳусайн Боқии Бухороиро бо хатти зебову хонои настаълиқ китобат кардааст. Ин асар аз 560 варақ иборат буда, ҳоло дар Ганҷинаи дастнависҳои Ин-ти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон (№ 2840) маҳфуз аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зикриё Махдуми Ӯротеппагӣ / С. Султонов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.