Зикриё Раҳмонов (Раҳмонов Зикриё Пӯлотович ; 12 ноябри 1957, шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд — нуқсоншинос, ходими калони илмӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент. Аълочии маориф Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зикриё Раҳмонов
Раҳмонов Зикриё Пӯлотович
Таърихи таваллуд 11 январ 1960(1960-01-11) (64 сол)
Зодгоҳ шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогӣ
Ҷойҳои кор Муассисаи давлатии таълимӣ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»
Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои педагогӣ,(2002)
Унвонҳои илмӣ профессор (2012)
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, (1990)

Зиндагинома вироиш

Раҳмонов Зикриё Пӯлотович - 11 январи соли 1960 дар шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд), оилаи коргар таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби таҳсилоти умумӣ соли 1981 ба ДДОЛ ба номи С.М.Киров ба факултаи МТИ дохил шуда, онро соли 1981 хатм намуд. Фаъолияти омӯзгории худро дар мактаб-парваришгоҳи махсуси барои бачагони ношунавои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 1981 сараввал дар вазифаи муаллими синфҳои ибтидоӣ оғоз намуда, баъдан аз соли 1984 то 1991 вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбияи мактаб-парваришгоҳи махсусро иҷро кардааст. Соли 1988 дар факултети нуқсоншиносии ДДОЛ ба номи А.И.Герцени ш.Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург)-ро бо ихтисоси сурдопедагог-нуқсоншинос хатм намудааст. Аъзои комиссияи тиббӣ-педагогии вилояти Суғд (солҳои 1984-1991). Соли 1991 ба кафедраи П ва ПТИ-и факултаи педагогӣ ба сифати сармуаллим ба кор шурӯъ намуда, солҳои 1994 то 2001 вазифаи ҷонишини декани факултетро ба уҳда дошт. Аз соли 2001 то соли 2004 дар вазифаи мудири шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият кардааст. Соли 2002 рисолаи номзадиро аз педагогика дифоъ намудааст. Солҳои 2005-2010 дар вазифаи ҷонишини сардори шуъбаи назорати сифати таълим ва солҳои 2010-2012 мудири шуъбаи ғоибонаи донишгоҳро ба зимма дошт. Соли 2012 мудири кафедраи МТИ –ро ба зимма дошта, аз соли 2013 то соли 2015 мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти Донишгоҳ ва аз соли 2015 то имрӯз дотсенти кафедраи П ва ПФК фаъолият намуда истодааст. Солҳои 2007, 2010, 2017 «Олими сол»-и факултети педагогӣ интихоб гардидааст. Аз моҳи январи соли 2019 ҳамчун ходими калони Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогӣ назди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров фаъолият мебарад.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Соли 2002 натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии худро дар мавзӯи “Асосҳои педагогии фаъолгардонии фаъолияти таълимӣ- маърифатии хонандагони ақибмондаи синфҳои ибтидоӣ дар раванди таълиму тарбия” ҷамъбаст намуда рисолаи номзадиро ҳимоя намудааст. Фаъолияти илмии ӯ ба масоили таълиму тарбия ва корҳои ислоҳнамоии кӯдакони имконияташон маҳдуд равона шудааст. Аз тарафи ӯ соли 1995 назди муассисаи томактабӣ аввалин гурӯҳҳои махсуси ношунавои томактабӣ ва синфҳои ношунаво бо таълими забони тоҷикӣ ташкил карда шудааст. Соли 2006 аз тарафи ӯ “Дастгоҳ барои худназоратии нутқ ва шунавоии кӯдаки ношунаво” коркард гардида, дар озмуни вилоятии “Ихтиръокор ва навовари беҳтарин” иштирок намуда сазовори ҷойи дуюм гашт. Дар ҳаммуаллифи бо Қувватов С. соли 2015 аз тарафи Раҳмонов З.П. аввалин китоби дарсии “Имову ишора” ба забони тоҷикӣ аз чоп бароварда шудааст.

Осор вироиш

Зикриё Раҳмонов дар семинарҳои илмиву методӣ ва конфронсҳои байналхалқиву ҷумҳуриявӣ ва умумидонишгоҳӣ мунтазам оид ба муаммои таълиму тарбияи бачагони норасогиҳои руҳию ҷисмонидошта маърӯзаҳо кардааст. Муаллифи зиёда аз 120 асару мақолаҳои илмӣ, 30 китобҳои дарсӣ, монография, дастурҳои илмиву методӣ мебошад. Аз тарафи ӯ таҷҳизот бо номи «Аппарат для самоконтроля произношения глухих детей» ихтироъ карда шуда, он дар озмуни навъоварону эҷодкорони вилояти Суғд соли 2006 ба гирифтани ҷои дуюм сазовор гаштааст.

Китобҳо (Монографияҳо) вироиш

  1. В помощь учителям начальных классов при работе с отстающими детьми и с детьми имеющими отклонения в умственном или физическом развитии. Раҳмонов З.П. /Методические рекомендации. Худжанд, «Наргис», 1992.-76с.
  2. Машқҳои овози баҳри ислоҳи лакнати забон. Раҳмонов З.П, Ёқубов С. /Научно-методические пособия. Худжанд, «Наргис», 1996. – 63с.
  3. Эффективность сурдопедагогических занятий при ушном протезировании у детей младшего возраста с тугоухостью на почве родственного брака. Очилзаде А., Рахмонов З.П./ Журнал. Здаровохранения Таджикистана № 3, 2002. С. 123-124
  4. Сурдопедагогические аспекты исследования слуха у детей. Очилзаде А.. Рахмонов З.П. Журнал Здравоохронения Таджикистана. № 1 – 2 , Душанбе, 2003. С. 23 – 27
  5. Дефектология. Рахмонов Д.З., Рахмонова Д.З./ Научно-методические рекомендация «Нури маърифат» Худжанд, 2005. -69с.
  6. Пути активизации учебно-познавательной деятельности неуспевающих учащихся начальных классов. Рахмонов З.П., Бегматова К.А. / Методические. реком. «Нури маърифат». Худжанд. 2006.- 60с.
  7. Педагогическая психология. Рахмонов З.П., Мухторова М. /Учебно-методическое пособие, «Наргис» Худжанд. 2008.- 100 с.
  8. Активизация учебно-познавательной деятельности неуспевающих учащихся в процессе обучения и воспитания. Рахмонов З.П. /Монография. Худжанд. Меъроҷ.2010. -164с.
  9. Машъали тарбиятгар. Раҳмонова Д.З. Раҳмонов З.П./ Дастури таълимӣ. Меъроҷ. Хуҷанд. 2014. -198с.
  10. Учебно методический комплекс лекции. Рахмонов З.П., Элмуродова С. / Сборник учебно-методических комплексов дициплин (УМК) и других методических документов. По проектк Темпус-Эдука. Бишкек. 2014. С603-700
  11. Омӯзгор ва навгониҳои педагогии муосир.Раҳмонов З.П., ХоҷаеваМ., Раҳмонова Д.З./ Дастури методӣ, «Меъроч» Хужанд. 2016.- 108 с.
  12. Методика использовани инновации в произношении глухих детей. Рахмонов З.П. /Учённые записки Естественные и экономические науки, Хуҷанд, Нури маърифат. 2017.С – 252-255
  13. Хусусиятҳои ташкили корҳои ислоҳнамоӣ бо хонандагони аз таълим ақибмонда. Раҳмонов З.П. Паёми ДМТ. № 7 Душанбе. 2018. С. 249-253.

Китобҳои дарсӣ вироиш

  1. Талаффуз./Раҳмонов З.П., Қувватов С. –Душанбе. «ЛТД бахт». 2010.- 124 с.
  2. Асосҳои логопедия../Раҳмонов З.П., Қувватов С. –Хуҷанд. Меъроҷ. 2010.- 124 с.
  3. Асосҳои олигофренопедагогика./ Раҳмонов З.П.,Раҳмонов Д.З., Қувватов С. Меъроҷ, 2017.-152с.
  4. Методикаи икншофи нутқ ва шунавоии кӯдакони ношунаво../ Раҳмонов З.П., Қувватов С., Раҳмонов Д.З., Меъроҷ, 2017.-96с.
  5. Салоҳияти касбӣ ва маҳорати аедагогии омӯзгори муосир./Раҳмонова Д.З., Раҳмонов З.П. -Хуљанд, Меъроҷ.2017.200с.
  6. Инкишофи нутқ. (Барои синфи дуюми хонандагони ношунаво)/Раупова Г., Раҳмонов З.П., Орипова М.-Хуҷанд,2017.-100с.

Ҷоизаҳо ва ҷоизаҳо вироиш

Пайвандҳо вироиш