Зиндакон
Зиндакон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Айнӣи ноҳияи Айнӣ, дар баландии 2200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Аз Зиндакон то маркази ҷамоат 11 км, то маркази ноҳия 11 км. Аҳолиаш 717 нафар (2017), тоҷикон. Дар даромадгоҳи деҳа дар доманаи кӯҳ мазори Хоҷаи Муродбахш ҷойгир буда, зиёратгоҳи мардум ба ҳисоб меравад. Дар гузашта мазор Хоҷа Усмони Сағир ном дошт ва мардуме, ки ин маконро зиёрат менамуданд, ба муроду мақсадҳои хеш мерасиданд ва аз ҳамин сабаб мазори мазкурро Хоҷаи Муродбахш ном ниҳоданд. Дар болооби деҳаи Зиндакон (мавзеъи Сари об) об аз зери замин баромада, пасон ба сой мубаддал мегардад ва ин сой аҳолии деҳаҳои Зиндакон, Куҳрӯд, мавзеъи Дашти Ҳаштсар, деҳаи Айнӣ (Варзи Манор-ро бо об таъмин менамояд. Инчунин заминҳои деҳаҳои Зиндакон ва Куҳрӯд бо оби сойи мазкур обёрӣ карда мешаванд
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Айнӣ |
Ҷамоат | Деҳоти Айнӣ |
Раиси маҳалла | Ғаффоров Фаттоҳ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аввалин номбарӣ | Зиндагон |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 717 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3479 |
Нишонаи почта | 735520 |
|
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2