Зиндон
1. Зиндон ҷойест, ки дар онҷо ба асир афтодагон ва ё ғуломонро нигоҳ медоштанд. Зиндон бештар дар замин кофта мешуд.
2. Зиндон — ҷоест, ки бандиёнро нигоҳ медоранд, маҳбас. Дар гузашта хоси мамлакатҳои Шарқ, аз ҷумла аморати Бухоро ва хонигариву бекигариҳои Осиёи Миёна буд. Маъмурияти зиндон аз зиндонбон, мирзо ва ясавулҳо иборат буд. Бештар зиндонро зери қаср ва кӯшки ҳоким мисли чоҳ дар чуқурии 5-7 метр месох- танд. Дертар биноҳои махсус бунёд ёфтанд, ки чанд зиндон доигг. Дар баъзе мамлакатҳо, аз ҷумла дар хонигарни Хева аз сабаби сернамй зиндонро дар рӯи замин месохтанд, ки он шакли гумбазро дошт. Даҳшатноктарини зиндон дар аморати Бухоро буд. Бинои он дар шимолу шарқнн Бухоро воқеъ аст. Зиндони Бухоро дар теппаи майдони шаҳристони қадим воқеъ бошад ҳам, бинои он асри 18 дар аҳди ҳукмронии Манғитиён аз хишти пухта сохта шудааст, ки аз чанд хонаи беравзана ва дарвозаи рӯ ба ҷануб иборат буд. Дар ҳавлии зиндони Бухоро ҳуҷраи зиндонбон, барои маҳбусони сиёсӣ ва ба марг маҳкумшуда хонаю ҷойҳои махсус мавҷуд буданд. Зиндони Бухоро обхона, канахона ҳам дошт. Дар он шуъбаи музеи кишваршиносӣ ва таърихшиносии Бухоро ҷой гирифтааст. Дар баъзе мамлакатҳои Шарқ ҳозир ҳам маҳбасҳои ба зиндон монанд мавҷуданд. Дар Ҳисор, Душанбе ва вилоятҳои дигари Бухоро низ зиндонҳо буданд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 173