Зиёни маънавӣ
Зиёни маънавӣ — дар ҳуқуқи гражданӣ азобу машаққатҳои рӯҳиву маънавӣ ва ҷисмонии шахсро меноманд, ки дар натиҷаи амалҳои зиддиҳуқуқии шахси дигар ба вуҷуд оварда шудаанд (масалан, паст задани шаъну эътибори корӣ бо роҳи паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, дахолат кардан ба ҳаёти шахсӣ ва ғайра). Мувофиқи м. 1115 КГ ҶТ зарари маънавӣ дар сурати мавҷуд будани гуноҳи зараррасон аз ҷониби зараррасон ҷуброн карда мешавад.
Қонунгузории гражданӣ ҳолатҳои зерини чуброни чдрари маьнавнро пешбинӣ кардаасг: а) агар зарар ба ҳает ва саломатни шаҳрванд аз манбаи хатари калон расида бошад; б) агар зарар ба шаҳрванд дар натиҷаи ғайриқонунӣ маҳкум кардан, ғайрнқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ба сифати чораҳои эҳтиётӣ ғайриқонунӣ истифода бурдани баҳс, забонхат барои ба ҷое нарафтан, ғайриқонунӣ андешидани ҷазои маъмурӣ дар шакли ҳабс ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ расонида шуда бошад; в) агар зарар дар натиҷаи паҳн кардани маълумоте, ки шаъну эътибор ва обрӯи корнро паст мезанад, расонида шуда бошад (қ. 2 м.1115 КГ ҶТ).[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 172
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |