Зиёуддини Баранӣ
Зиёуддини Баранӣ (форсӣ: ضیاءالدین مؤیدالملک بَرنی, Зиёи Баранӣ; 1285[1][2] — 1357[2]) — таърихнигор ва адиби форсизабони Ҳинд, асосгузори мактаби таърихнигории ҳавзаи илмӣ-адабии Деҳлӣ.
Таърихи таваллуд: | 1285[1][2] |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1357[2] |
Навъи фаъолият: | муаллиф, муаррих |
Забони осор: | форсӣ[3] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишАз оилаи ашроф. Дар аҳди султон Алоуддини Хилҷӣ падараш — Мувайидулмулки Раҷаб ҳокими Баран ва амакаш Алоулмулк кӯтволи Деҳлӣ буданд. Зиёуддини Баранӣ дар Деҳлӣ илмҳои замони худ — тафсир, ҳадис, забони арабӣ, таърих ва тасаввуфро омӯхта, дар силки пайравони Шайх Низомуддини Авлиё даромад. Дар ин муддат бо Хусрави Деҳлавӣ ва Ҳасани Деҳлавӣ ошноӣ пайдо карда, дар маҳфилҳои илмӣ-адабии онҳо ширкат дошт. Зиёуддини Баранӣ дар аҳди Муҳаммад ибни Туғлақшоҳ (1325-51) зиёда аз 17 сол надими дарбор буд. Дар солҳои аввали ҳукмронии Фирӯзшоҳи Туғлақ (1351-88) бо тавтеаи дарбориён дар дижи Паҳитез зиндонӣ шуда, боқимондаи умрашро ба таълифи осораш, аз қабили «Таърихи Фирӯзшоҳӣ», «Ахбори Бармакиён» ё «Ахбори Баромика» (тарҷумаи форсии асари Абулқосим Муҳаммади Тоифӣ), «Фатовои ҷаҳондорӣ», «Наъти Муҳаммадӣ», «Иноятнома», «Маосири содот», «Ҳасратнома» ва ғ. бахшид. Асари машҳури Зиёуддини Баранӣ «Таърихи Фирӯзшоҳӣ» идомаи «Табақоти Носирӣ»-и Ҷузҷонӣ буда, ба шарҳи воқеаҳои таърихии аҳди ҳукмронии Ғиёсуддини Балбан (1267-87), Муизуддини Кайқубод (1287-89), Ҷалолуддин Фирӯзшоҳи Хилҷӣ (1292-96), Алоуддини Хилҷӣ (1296—1316), Қутбуддин Муборакшоҳи I (1316-20), Ғиёсуддини Туғлақшоҳ (1320-25), Муҳаммад ибни Туғлақшоҳ (1325-51) ва шаш соли аввали ҳукумати Фирӯзшоҳи Туғлақ (1351-88) бахшида шудааст. Андешаҳои таърихнигории Зиёуддини Баранӣ бо Абулфазли Байҳақӣ умумият дошта, баъзе донишмандон аз ӯ бо номи Байҳақии Ҳиндустон ёд мекунанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 https://data.cerl.org/thesaurus/cnp00363616 (ингл.) — Consortium of European Research Libraries.
- ↑ Identifiants et Référentiels (фр.) — ABES, 2011.
Адабиёт
вироиш- Зиёуддини Баранӣ / С. Ҳусайнов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.