Зиёуддин ибни Мавлоно Баҳоуддин

Зиёуддин ибни Мавлоно Баҳоуддин (форсӣ: ضیاءالدین بن مولانا بهاءالدین‎; қарни XIV — қарни XV) — кандакор ва хаттоти форс-тоҷик.

Зиёуддин ибни Мавлоно Баҳоуддин

Зиндагинома

вироиш

Зодгоҳаш Масчо. Аз ӯ осори хаттӣ ва кандакории зиёде боқӣ мондааст. Яке аз аввалин катибаҳои ба қалами пӯлодии Зиёуддин тааллуқдошта рубоие мебошад, ки соли 1380 дар рӯи санги сари Пули Куҳнаи деҳаи Оббурдан канда шудааст:

Ин пул чу мармари ҷумла Кӯҳистон аст,
Ҳар ду сари вай нигар, ба Кӯҳистон аст.
Эй қорикалон, зиёрати Каъба расӣ,
Дархоҳ зи Худо, ки банда пурисён аст.

Зиёуддин кандакори матн дар рӯи санг буд. Катибаҳои рӯи сангҳои сари қабри Аҳмад ном қозизода дар деҳаи Оббурдан ва Саид ном ҷавон (писари шайх Муборак), ки соли 1389 дар деҳаи Шамтучи Фалғар дафн шудааст, ба ҳунари Зиёуддин тааллуқ доранд. Зиёуддин бештар бо хатҳои девонӣ, таълиқ ва сулс менавиштааст. Тавассути катибаҳои ӯ намунаҳои ашъори шоирон ва эҷодиёти шифоҳии мардуми кӯҳистони асрҳои 14-15 то замони мо расидаанд. Мероси хаттии Зиёуддин, ки дар ҳудуди деҳаҳои Оббурдан ва Падрохи Мастчоҳ (таҳти № 29, 34, 37, 51, 52, 136, 144), Шамтуч (таҳти № 76, 78) ва Вешаби Фалғар (таҳти № 22) боқӣ мондаанд, ҳоло дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфузанд.

Адабиёт

вироиш
  • Мухторов А. Эпиграфические памятники Кухистана (XI—XIX вв.). Д., 1978