Зоогигиена
Зоогигие́на, гигиенаи ҳайвонот, беҳдошти ҳайвонот — илмест, ки таъсири муҳити зистро ба солимию маҳсулнокии ҳайвоноти хонагӣ меомӯзад; бахше аз байторӣ.
Зоогигиена умумӣ ва ҷузъӣ мешавад. Зоогигиенаи умумӣ шароити нигоҳдошти ҳайвонот (беҳдошти муҳит, ҳавои молхонаҳо, хок, об, хӯрок ва хӯрокдиҳӣ), инчунин масъалаҳои парвариш ва усулҳои нигоҳдошти онҳоро меомӯзад. Мавзӯи таҳқиқи зоогигиенаи ҷузъӣ низ чунин аст, вале он дар ҳайвоноти намуд ва синну солу таъйиноташон гуногун сурат мегирад. Тавсияҳои амалии зоогигиена боиси афзоиши маҳсулнокии чорво мегарданд. Зоогигиена бо дигар илмҳои байторӣ, ҳамчунин бо физика, кимиё, физиологияи ҳайвонот, микробиология, зоотехния, истеҳсоли хӯроки чорво, иқтисодиёт ва ғ. робитаи устувор дорад. Пажӯҳишҳои зоогигиенӣ маҷмӯӣ мешавад. Онҳо ба усулҳои таҷрибавӣ ва оморӣ, муоинаи беҳдорӣ ва мушоҳидаҳои физиологӣ асос ёфтаанд.
Зоогигиена ҳамчун соҳаи фаъолияти касбӣ, назорат ва таъмини шароити мусоиди нигоҳдошти ҳайвоноти хонагиро дар бар мегирад.
Тадбирҳои беҳдоштӣ, ки дар асоси таҷрибаи амалӣ ба вуҷуд омадаанд, аз замонҳои қадим маълуманд. Аз ҳазорсолаи 2 то м. дар Бобил, Ҳиндустон, Чин, Миср, Юнон ва Руми Қадим дастурҳо роҷеъ ба муолиҷа ва риояи чораҳои беҳдоштӣ ҷиҳати пешгирии касалиҳои ҳайвонот маълум буд. Дар ривоҷу равнақи зоогигиена саҳми олимони шӯравӣ И. П. Попов, И. А. Добромислов, Г. И. Груин, А. В. Озеров, Н. М. Комаров, К. И. Скрябин ва дигарон назаррас аст. Дар ривоҷу равнақи зоогигиена дар ибтидои асри 21 олимони Фаронса, Олмон ва Финляндия нақши муҳим доранд.
Зоогигиена дар ҳаллу фасл ва омӯзиши масъалаҳои зерин ба муваффақиятҳои назаррас соҳиб гаштааст: таъсири омилҳои иқлимӣ ва микроиқлимӣ ба андомгони ҳайвонот ва мақоми онҳо дар пайдоиши касалиҳо; таҳқиқи гармибарорӣ, оббухоркунӣ ва газхориҷкунии ҳайвонот; омӯзиши меъёрҳои физиологии микроиқлими мусоиди молхонаҳо барои ҳайвоноти синну сол ва аҳаммияти истеҳсолиашон гуногун, таъмини об дар хоҷагиҳои чорводор ва усулҳои обдиҳӣ ба чорво; ба роҳ мондани усулҳои нави бунёди молхонаҳо, системаҳои ҳавотозакунӣ ва воситаҳои техникии нигоҳубини ҳайвонот; дарёфти усулҳои нави истифодаи афканишоти фаросурх (ултрасурх) ва фаробунафш (ултрабунафш), ионнок кардани ҳавои молхонаҳо; таҳқиқи усулҳои гуногуни нигоҳубини чорво дар фаслҳои тобистон ва зимистон, таъсири хунукӣ ва гардиш ба саломатӣ ва маҳсулнокии ҳайвонот; омӯзиши хусусиятҳои беҳдоштии тагандози чорво ва тарзи нигоҳдошту безарар гардонидани пору; арзёбии сифати обу хӯроки чорво, ҳолати беҳдории манбаи таъмини об; таҳқиқи таъсири тағзия ба муқовимати ҳайвонот; муқаррар кардани усулҳои нигоҳдорӣ ва хӯрокдиҳӣ ба ҳайвоноти бордор, парвариши ҷавонаҳо, инчунин роҳҳои истифодаи босамари ҳайвонот; ихтирои дастгоҳҳои нави таҳқиқот дар соҳаи зоогигиена; бунёд кардани зоотрон. Дар Тоҷикистон оид ба зоогигиена дар ин-тҳои байторӣ ва чорводорӣ, инчунин дар кафедраи зоогигиенаи ДАТ таҳқиқот мебаранд. Олимони ҷумҳурӣ таъсири омилҳои иқлим ва микроиқлимро ба андомгони ҳайвонот, меъёрҳои гармибарорӣ, оббухоркунӣ ва газхориҷкунии чорворо муқаррар ва вобаста ба синну сол талаботи ба микроиқлим доштаи онҳоро муайян карда, роҳҳои босамари дар молхона ва чарогоҳ нигоҳубин кардани чорворо дарёфт намуданд. Анҷумани байналмилалии зоогигиена баъди ҳар 3-4 сол баргузор мегардад.
Адабиёт
вироиш- Зоогигиена // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.