Зоҳид (форсӣ: زاهد‎), Муҳаммадзоҳид ибни Муҳаммадраҷаби Хуҷандӣ (қарни XVIII — қарни XIX) — хаттот ва шоири форс-тоҷик.

Зоҳиди Хуҷандӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар мадрасаи Бухоро таҳсили илм кардааст. Зоҳид дар навиштани ҳафт навъи хат: кӯфӣ, сулс, райҳон, зулф, риқоъ, тавқеъ ва настаълиқ маҳорати комил дошт. Ӯ тамоми умр дар мадрасаҳои Хуҷанд мударрисӣ карда, ба санъати хаттотӣ машғул буд. Асарҳои зиёди адибони пешин ва замонашро китобат кардааст. Яке аз асарҳои китобаткардаи Зоҳид рисолаи суфияи «Зоду-л-мусофирин»-и Рукнуддин Ҳусайн (1273—1329) мебошад, ки соли 1829 дар коғази маҳаллӣ бо хатти зебои настаълиқ анҷом додааст. Сарлавҳаҳои китоби мазкур бо ранги «ҷӯша» хеле зебову хоно навишта шудаанд.

Адабиёт

вироиш