Зуворакдеҳа дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шуғнони ВМКБ. Аз деҳа то маркази ҷамоати деҳот 3 км, то маркази ноҳия (шаҳраки Ваҳдат) 25 км; роҳ қисман автомобилгард. Аҳолиаш 73 нафар (январи 2018).

Деҳа
Зуворак
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят ВМКБ
Ноҳия Шуғнон
Ҷамоат Деҳоти Навобод
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 73 тан (2018)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992

Ҷуғрофиё

вироиш

Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Мун таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷа­гӣ: ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз чашмасорони кӯҳдоманҳо обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа санги уғуре мавҷуд аст, ки аҳолии деҳа дар он гандум, тут ва ҷуворӣ мекӯбанд. Ходими давлатӣ Гулбек Ватаншоев, нависанда ва тарҷумон Мирзошо Ватаншоев (дорандаи медали «Хидмати шоиста») ва Ниёзшоев Чоршанбе «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳамин деҳа таваллуд шудаанд.

Сарчашма

вироиш