«Зуларбаа» (ар. ذوالاربعه‎) — фосилаи лаҳнӣ дар мусиқии классикии форс-тоҷик, ки аз 4 овози пардавӣ иборат аст. Онро «ҷинс» низ мегӯянд.

«Зуларбаъа» аз таркиби фосилаҳои танинӣ, бақия ва муҷаннаб шакл мегирад ва гоҳе аз ду танини (Т Т)-ву як муҷаннаб ва як таниниву як муҷаннаб (т ҷе ҷе) ташкил меёбад. Ҳар гом (парда) аз ду «донак» ва ҳар «донак» аз чор нота ё савт иборат аст. Ба ибораи дигар дар ҳар фосилаи зулкулл (октава) як фосилаи танинӣ ва ду фосилаи «Зуларбаъа» мавҷуд аст, ки яке «Зуларбаъа»-и аввал ва дуввумӣ «Зуларбаъа»-и сонӣ, яъне зулхамс аст. Ҳар «Зуларбаъа»-ро дар рисолаҳои мусиқӣ «табақа» низ ном бурдаанд ва ҳамчунин «Зуларбаъа»-и аввалро табақаи аввал, «Зуларбаъа»-и дуввумро табақаи сонӣ ва таниниро фосила қаламдод кардаанд. Дар як «Зуларбаъа» чор пардаи аслӣ: мутлақ, саббоба, бинсир ва хинсир ва бо номи зоиду вусто пардаҳо амал мекунанд. Пардаҳои зоид байни мутлақу саббоба ва пардаи вусто байни саббоба ва бинсир ба вуҷуд меоянд. Фосилаи «Зуларбаъа» ба қаторовозу фосилаҳои хурдтар тақсим шуда, шаш фосилаи чорумро ташкил додааст, ки аз инҳо сетояшон ба хотири доштани ду фосилаи танинӣ қавӣ ва сетои дигар ба хотири доштани як фосилаи танинӣ (дуввуми бузург) заиф будааст. Мусиқидонони гузашта «Зуларбаъа»-ро буъди муттафиқаи кубро (фосилаи калони гармониявӣ) дониста, дар қаторовози пардавӣ сенти онро ба 498 баробар кардаанд. Мавқеи «Зуларбаъа» дар қаторовози пардавӣ чунин аст:

Фосилаҳои «Зуларбаъа» бо ҳарфҳои ихтисорӣ ва абҷад ишора мешаванд.

Адабиёт

вироиш