«Зулкулл» (ар. ذوالکل‎) — фосилаи лаҳниест дар мусиқии классикии форс-тоҷик, ки 8 овози тозаи пардавиро дар бар мегирад.

Ба истилоҳи мусиқии имрӯза як октаваи комил аст. «Зулкулл» дар тақсимоти тору пардаҳои созҳои мусиқӣ (барбат — уд) нағмаи «Иҳ» — намоёншавандаи октаваи аввал аст, зеро нағмаи нахусти пардаи «Дo»-ро такрор мекунад. «Зулкулл»-ро мусиқидонони тоҷик як доираи нағмаҳо номидаанд, ки ин ба хотири як даври нағмаҳои ҳангом аст. Даври комили «Зулкулл» дар таърих ва назарияи мусиқии қадимии тоҷикон (эрониён) аз ду «донаки пайваста» ва «пардаи бузург» (Т-и ҳуттӣ) дар интиҳои «ду донак» иборат будааст. Мусиқидонони гузашта «Зулкулл»-ро «буъди муттафиқаи кубро» (фосилаи калони гармониявӣ) шумурда, сенташро баробари 1200 донистаанд. Дар мусиқии гузашта «Зулкулл»-ро «ҷамъ» низ ном бурдаанд. Мавқеи «Зулкулл» дар қаторовози пардавӣ чунин аст:

Адабиёт

вироиш