Зулкулл ва-л-арбаъа

«Зулкулл ва-л-арбаъа» (ар. ذوالکل و الاربعه‎) — фосилаи лаҳнӣ дар мусиқии классикии форс-тоҷик, ки овозҳои тозаи пардавии як октава ва квартава (до-фа)-ро дар бар мегирад.

«Зулкулл ва-л-арбаъа» дар мусиқии классикии тоҷик аз фосилаҳои маъмули мусиқӣ буда, мутобиқ ба фосилаи 11-и дуруст аст. Нағмаи «Зулкулл ва-л-арбаъа» дар октаваи аввал дар торҳои сози мусиқии қадим бо «зуларбаа» (Ҳ) ҳамсадо мебошад. «Зулкулл ва-л-арбаъа» низ аз ҷумлаи «буъди муттафиқаи кубро» (фосилаи калони гармониявӣ) буда, сенташ ба 1698 баробар аст. Мавқеи «Зулкулл ва-л-арбаъа» дар қаторовози пардавӣ чунин аст:

«Зулкулл ва-л-арбаъа» дар мусиқии имрӯза бо истилоҳи ундетсима маъмул аст.

Адабиёт

вироиш