Зуллисонайн (ар. ذواللسانین‎ — соҳиби ду забон) — гӯянда ба ду забон. Зуллисонайн адибест, ки ба ду забон асар менависад. Зуллисонайн дар истилоҳи бадеъ шеърест, ки бе тағйири калимаҳо ҳам ба арабӣ ва ҳам ба форсӣ хонда мешавад ва ин шеър дар ҳар ду забон маънӣ ва мафҳуми дуруст дорад. Мас.:


Баҳоӣ хона дорӣ бо баҳо кун,
Ҳаводорию нодонӣ раҳо кун.

Амир Хусрави Деҳлавӣ

Маънии форсии ин байт возеҳ аст. Аммо «баҳо» («بهاء») дар арабӣ исми шахс аст бо «ё»-и нисбат «баҳои ман» мешавад; ба арабӣ «хона дорӣ» («خانداری») — яъне «хиёнат кард дар хонаи ман»; «бобаҳо кун» («با بها کن») — яъне «бар дари он хона бош!»; «ҳаво дорӣ» («هوا داری») — яъне «фуруд омад дар хонаи ман»; «нодонӣ» («نادانی») — яъне «нидо кард маро»; «раҳо» («رها») — яъне «бибин ӯро!»; «кун» («کن») — яъне «бибош!». Пас аз истилои арабҳо дар эронзамин забони арабӣ ҳамчун забони илм нуфуз пайдо кард ва аксари аҳли дониш ва адаби форс-тоҷик осори худро ба ду забон — арабӣ ва форсӣ таълиф мекарданд. Мас., Абузироа ҳам ба арабӣ ва ҳам ба форсӣ шеър менавишт. Абуалии Сино низ осорашро ба ду забон (форсӣ ва арабӣ) таълиф мекард. Шоирон Бохарзӣ, Абулфутуҳи Бустӣ ва Рашиди Ватвот низ ба арабӣ ва форсӣ эҷод мекарданд. Ин гурӯҳи олиму адибон ҳамчун зуллисонайн машҳур гаштанд. Баъдан бо нуфузи туркон аз асри 15 як силсила адибони дигар бо сарварии Ҷомӣ ва Навоӣ форсию туркӣ гуфтанро комёбона озмуданд, ки ин шеваи гуфторро Зайнуддини Восифӣ ва Гулханӣ низ то ҳадде давом доданд. Аз ҷумла, Навоӣ, ки асосан ба забони туркии чағатоӣ асар менавишт, бо тахаллуси Фонӣ девони ғазалиёти форсӣ дошт. Аз адибони муосир устод С. Айнӣ, А. Фитрат, Ҳ. Ҳакимзода бо тоҷикию ӯзбекӣ, Халилуллоҳи Халилӣ ба форсию пашту, Иқболи Лоҳурӣ бо форсию урду, Шаҳрёри Табрезӣ ба форсию озарӣ муваффақона асар навиштаанд.

Адабиёт

вироиш