Имомуддин Зулолии Ҳиравӣ (форсӣ: زلالی هروی[1]; ? — 1525, Ҳирот) — шоири форс-тоҷик. Аз шоирони дарбори султон Ҳусайни Бойқаро.

Зиндагинома

вироиш

Зулолии Ҳиравӣ шахси фозилу бомаърифат будааст. Алишери Навоӣ нигоштааст, ки Зулолии Ҳиравӣ монанди падараш дарвешхислат буд. Бархилофи адибони рӯзгори худ дар шеъраш аз ҳеч соҳибқудрате тақозои пул ё хидмате намекард. Дар шеър бештар қасидаю ғазал гуфтааст. Қасидаи «Боли мурассаъ»-и Абулмафохири Розиро татаббуъ намудаст, ки тазкиранависон онро ситудаанд.

Аз Зулолии Ҳиравӣ дар тазкираҳо абёти парокандае ба ёдгор мондааст. Намунае аз ашъори ӯ:

Бикри фикрам н-ояд аз бекоғазӣ берун ба рӯз,
Ҳамчу абкори Банотуннаъш аз бечодарӣ.
Шеър фазлу шоир омад фозил, аммо чун тамаъ
Лозими шеър аст, безорам зи шеъру шоирӣ!

  1. زلالی هروی. دایرة المعارف اسلامی.

Адабиёт

вироиш