Зулол (форсӣ: زلال‎), соф, рӯшан — дар адабиёти муосири тоҷик як навъи каломи манзумест иборат аз 5 то 11 сатр.

Сохтор

вироиш

Вазни зулол зина ба зина, ба таври мусовӣ аз ҳиҷои кам шурӯъ шуда, бо ҳиҷои кам ба охир мерасад. Сатри дарозтарини он, ки сатри мобайнӣ мебошад, «сатри модар» ва сатрҳои атрофии онро «сатрҳои қарина» мегӯянд. Дар зулол сатри аввал ва охир дорои ҳадди аксар панҷ зарбоҳанг дар вазни мусалласи арӯзӣ ва ё шаш ҳиҷо дар вазни мусалласи озод мебошанд. Теъдоди зарбоҳанг байни ду сатр (тафовути зинаи байни ду сатри ҳамҷавор бо ҳам) дар вазни мусалласи арӯз, фақат ду адад, яъне чор ҳиҷост. Вазни мусиқӣ аз аввал то охир ба таври равон ҳифз мешавад. Сатрҳои мутақориб аз рӯи тӯлу вазни арӯз ё шумори ҳиҷо ва теъдоди зарбоҳанг бо ҳам баробаранд. Масалан:

Сапедаро салом.
Маҳи зи раҳ расидаро салом.
Умеди зиндагӣ, навиди растани башар,
Тулӯи рӯзи растахез ва субҳи навдамидаро салом.
Зи нури ояҳо ба коиноти синаҳо,
Азизи ҷону дидаро салом.
Падидаро салом.

Аъзами Хуҷаста

Дар шеъри зулол болову поин ҳаракат кардани вазнҳо дар вазни мусаввири мусаллас, дар зеҳн фатҳи қуллаеро таҷассум карда, фазои ҳандасии ҷолиберо дар олами хаёлу маъно намоён мекунад. Вазнҳои арӯзӣ дар зулол бештар рӯи оҳанги берунӣ ё навъе ҳолати вазнӣ ва мусиқӣ қарор дошта, ба сурати амвоҷ шакли зинаии муназзам доранд. Вазни мусиқии зулол бо маълум шудани теъдоди зарб-оҳанги сатри аввал ва ё кашфи вазни «сатри модар» ба даст меояд. Зулол аслан шеъри воқеӣ буда, забони хос дорад ва бо вазни хосси мусиқӣ тибқи салиқа ва завқи шоир эҷод мешавад. Яъне шоир дар ин навъи шеър дар камтарин ҳаҷм сухани муҳкаму шоиронаро дар қолабе муназзам ва бо усули пешрафтатар ба арсаи зуҳур мерасонад.

Навъҳо

вироиш

Чор навъи зулол машҳур аст:

  1. зулоли арӯзии қофиядор;
  2. зулоли арӯзии беқофия;
  3. зулоли озод;
  4. зулоли пайваста.

Дар ҳамаи навъҳо қонуни куллии зулол риоя мешавад, лекин бо ин тафовут, ки дар зулоли арӯзии қофиядор вазн бо оҳанги мусиқии равони арӯзӣ пеш меравад ва аз қофия низ истифода мешавад. Яъне ду сатри аввал ва ду сатри охир ҳамқофия мебошанд. Дар баъзе маврид на танҳо ду сатри аввал ва охир, балки дигар сатрҳо низ якдармиён қофия доранд. Дар зулоли арӯзии беқофия вазн бо оҳанги мусиқии равони арӯзӣ пеш меравад, аммо шоир пойбанди қофия нест. Ӯ метавонад аслан аз қофия истифода накунад ва ё онро дар ду-се сатр ба унвони ороиши адабӣ барои равшании шеър ба кор барад. Дар зулол мазмунҳои ишқӣ, ирфонӣ ва тасвирҳои нодири табиати атроф бо забони сода, шаффофу ҷаззоб бозтоб мешаванд. Нахустин маҷмӯаи шеърии зулолро шоири тоҷик Аъзами Хуҷаста соли 2012 бо номи «Чашмаи Зулол» (бо ҳуруфи форсию кириллӣ) дар ш. Машҳад мунташир кард.

Зулол дар адабиёти Эрон низ падидаи нав буда, бори нахуст шоири муосири эронӣ Абулфази Додо (2010) шаклу қолаби нави онро муаррифӣ кард. Ӯ ин ибтикорашро «шеъри зулол» номид ва ин шеър дар радифи навъҳои дигари классикии шеър: шеъри сафед ё озод вориди адабиёти муосир шуд. Шоирони Эрон — Маҳдии Юсуфинажод, Муҳаммадрасули Бовандпур, Беҳзоди Чаҳортангӣ, Гито Тоҷбахш, Маҳнози Чолокӣ, Саидамири Мусавиён ва Афғонистон — Сайидтоҳири Мусавӣ, Фаҳими Ориян, Саидмустафо Сойис аз намояндагони мумтози жанри зулол мебошанд. Аз адибони тоҷик Аъзами Хуҷаста, Зафар Суфии Фарғонӣ, Сурайё Ҳакимова, Беҳрӯзи Забеҳулло, Фирдавси Аъзам ва Мафтуна Назирова дар ин жанр шеър гуфтаанд:

Ҷоми Ҷам лабрез шуд,
Рустами Дастон зи ҷо нимхез шуд.
Ибни Сино дар Бухоро набзи беморе гирифт.
Нолаи най шуд баланду ҳалқаҳо дар гӯшҳо овез шуд.
Ҳофизи Шерозу Саъдӣ масти ашъори Камол.
Лаҳзае қалби замон Табрез шуд.
Кафши ман Шабдез шуд.

Аъзами Хуҷаста

Адабиёт

вироиш
  • Хуҷаста Аъзам. Чашмаи зулол. Машҳад, 2012;
  • Хуҷаста Аъзам. «Сапедаро салом». Х., 2015.