Паланггузар

(Тағйири масир аз Зулумарт)

Зулумарт — қаторкӯҳ дар қисми шимолии Помири Шарқӣ.

Паланггузар
?
Мушаххасот
Дарозӣ
  • 150 км
Макон

Аз шимол ба ҷануб ба масофаи беш аз 80 км тӯл кашида, бахшгоҳи ҳавзаҳои рӯдҳои Муғсу, Қарокӯл ва Кӯкуйбелсу (болооби Бартанг) мебошад. Баландиаш ба ҳисоби миёна 5500 м, қуллаҳои баландтаринаш: Октябр — 6780 м, Вера Слуская — 5925 м, Уриский — 5847 м, Дусара — 5775 м. Нишебиҳои ғарбиаш бештар шахдор буда, партгоҳҳо дорад, шарқиаш — нисбатан ҳамвор. Зулумарт асосан аз ҷинсҳои таҳшинӣ (оҳаксанг, варақсанг, кварсит, алевролит, регсанг, конгломерат) ва тафтавӣ (гранит, гранодиорит, диорит) таркиб ёфтааст, ки синнашон ба охирҳои палеозой тааллуқ дорад. Теғаи қаторкӯҳ тези дандонадор, баъзе аз қуллаҳо аз сатҳи теға то 600—700 м баланданд. Дар Зулумарт пиряхҳо бисёранд; дар нишебиҳои шарқӣ пиряхҳои Володарский (13 км²), Октябр (12 км²) ва дар ғарбӣ Зулумарти Шимолӣ (15 км²) воқеъ гаштаанд. Манбаи асосии оби дарёчаҳои Зулумарту Баландкиик, Қараҷилғаю Оқҷилға ҳамин пиряхҳо мебошанд.

Адабиёт

вироиш