Зулфиарӯс — навъи ангури маҳаллӣ. Баргаш гирдаи калон, панҷпарра, пушташ пашмакдор. Гулаш дуҷинса. Хӯшааш махрутшакл (300—500 г). Ғужбаш байзашакл, сафеди зардтоб. Ғужмаш ғафс, дилааш хамираки сероб, каме талхмазза. Дар таркиби меваи пухтарасидааш 20-21 % қанд, 4-4,5 % г/л туршӣ мавҷуд аст. Токаш миёнасабз, 35-43 дарсади навдаҳояш ҳосилдеҳ. Ҳангоми 5-7 буғум монда буридаи навдаҳояш ҳосили хуб медиҳад. Аз ҳар га 80-100 сентнер ҳосил меғундоранд. Асосан дар ҳаётаи сокинони ноҳияи Нуробод парвариш карда мешавад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Ампелография СССР. Малораспространенные сорта винограда. Т. 1. М., 1963.