«Зулхамс» (ар. ذوالخمس‎) — фосилаи лаҳнӣ дар мусиқии классикии форс-тоҷик, ки аз 5 овози тозаи пардаӣ иборат аст.

Меъёри овозиаш аз «до» то «сол». «Зулхамс» низ монанди «зуларбаа» ба қисмҳо тақсим мешавад ва дар мусиқии қадими тоҷикон (эрониён) 12 навъи он ном бурда шудааст, ки шаштои он аз афзудани як фосилаи танинӣ (лаҳнӣ) ба охири фосилаҳои чорум (зуларбаъа)-и шашгона шакл гирифтааст, яъне фосилаи бақия дар ду «Зулхамс»-и охир аз ним парда хурдтар ва мусовӣ ба рубъи парда аст. Дар 4 фосилаи панҷуми дигар аз 12 фосилаи «Зулхамс» ихтилофоте мавҷуд аст. «Зулхамс» аз ҷумлаи буъди муттафиқаи кубро (фосилаи калони гармониявӣ) буда, сенташ ба 702 баробар аст. Мусиқидонон баъзан «Зулхамс»-ро «ҷинс» низ номидаанд.

«Зулхамс» дар мусиқии имрӯза бо истилоҳи «квинта» ифода мешавад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш