Зурмала — бурҷ, ёдгории бостонии буддоии аҳди Кушониён (асрҳои 1-2), ки 10 км ҷанубтари димнаи қадими Тирмиз воқеъ аст.

Ёдмон
Зурмала
Кишвар
Макон Ноҳияи Тирмиз
Баландӣ 16 м

Омӯзиши Зурмала аз соли 1927 оғоз гардида, аз ҷониби бостоншиносон А. Стрелков (1927), Г. А. Пугаченкова (1973) ва дигарон таҳқиқ шудааст. Зурмала ҳамчун ступаи буддоии устувонашакл (қутраш то 14,5 м) аз хишти хом (30х30х4,5-5 см) дар болои таҳкурсии чоркунҷашакл (22х16 м; баландиаш 1,5 м) бунёд шудааст. Дар қисмати болояш қубба-гунбаз дошт, ки барои ҳифзи ашёи қиматбаҳо (навиштаҷоти муқаддас, санг, гандум) истифода мешуд; бо мурури замон хароб гардид. Қисми асосӣ ё поинии Зурмала бо ранги сурхи баланд оро ёфта буд. Зимни ҳафриёт аз атрофи Зурмала ҳайкалчаҳои буддоӣ ёфт шуданд. Ҳоло харобаҳои Зурмала (баландиаш 12-13 м) боқӣ мондаанд.

Адабиёт

вироиш