Зуҳайр ибни Абисалмо
Зуҳайр ибни Абисалмо фарзанди Рабиъа (ар. زهير بن أبي سلمى ربيعة المزني; 530, Наҷд — 627, ҳамон ҷо) — шоири давраи ҷоҳилияти араб, аз қабилаи банӣ Ғатфон.
ар. زهير بن أبي سلمى | |
Таърихи таваллуд: | 520[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 609 |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда |
Забони осор: | арабӣ |
Имзо: |
Зиндагинома
вироишПадараш аз аҳли Музайнна (воқеъ дар наздикии ш. Мадина) буд ва ӯ низ шеър менавишт. Зуҳайр дар Наҷд камол ёфта, шеъру адабро аз шайх Башома, илми арӯз ва санъатҳои шеъриро назди сардори шоирони қабилаи Музар — Абс ибни Ҳаҷар омӯхт. Писаронаш Каъб ва Буҷайр низ шоир буданд. Зуҳайр ҳамчун ҳакими шоирони араб шуҳрат ёфта буд ва дар он замон дар шеър гуфтан ончунон машҳур гашт, ки ба вай дар қатори ҳафт тан аз шоирони номдори араб унвони «асҳоби муаллақоти сабъа» («ал-муаллақоту-с-сабъа») доданд. Девони Зуҳайр -ро соли 1870 бори нахуст ховаршиноси олмонӣ Вилям Алвардт нашр кард. Ашъори Зуҳайр асосан аз мадҳу васф ва панду ҳикмат иборат аст. Зуҳайр бо муаллақаи мимияи худ шуҳрат дорад, ки ба хотима ёфтани ҷанги қабилаҳои Абс ва Зубён бахшида шуда, дар он барпокунандагони сулҳ — Ҳорим ибни Синон ва ал-Ҳорис ибни Авфа васф гардидаанд. Ин муаллақа яке аз асарҳои давраи ҷоҳилияи араб ба шумор меравад. Зуҳайр вассофи ақлу хирад ва накукорию маърифат буд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #118906550 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
Адабиёт
вироиш- Зуҳайр ибни Абисалмо / П. Турсунзода // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.