Зуҳра
Зуҳра (ар. زهره), Ноҳид (форсӣ: ناهید) — аз рӯи масофа дуввумин аз Офтоб ва дар Манзумаи офтобӣ наздиктарин сайёра ба Замин. Аломати астрономиаш ё худ .
Зуҳра ![]() | |
---|---|
![]() | |
Мушаххасоти мадорӣ | |
Перигелий | 107 476 002 161,25 м ва 107 476 259 км |
Афелий | 108 941 836 897,31 м ва 108 942 109 км |
Нимқутри бузург (a) | 108 208 930 ± 1 км ва 0,723332 ± 0 воҳиди нуҷумӣ |
Хуруҷ аз маркази мадорӣ (e) | 0,00677672[1] |
Давраи тановуби мадорӣ | 224,7 Рӯз[2] ва 19 414 148 s[3] |
Давраи тановуби ҳилолӣ | 50 450 688 s |
Аносири мадории Кеплерӣ (i) | 0,059248 рад, 0,059 рад ва 0,038 рад[1] |
Долгота восходящего узла (Ω) | 1,338316 рад[1] |
Аргумент перицентра (ω) | 2,296896 рад[1] |
Радифи | Офтоб |
Мушаххасоти физикӣ | |
Фишурдагии қутбӣ | 0 |
Масса (m) | 4 867,5 ± 0,1 иоттаграмм |
Иттилоот дар Викидода |
Зуҳра чун «ситораи саҳарӣ» ва «ситораи субҳ» машҳур аст. Сайёраи Ноҳид, ки онро мутрибаи фалак меномиданд ва илоҳаи зебоӣ, суруду рақс ва хушиву хурсандӣ мешумурданд.
Дар Осмони ситоразор Зуҳра баъд аз Офтобу Моҳ дурахшонтарин ҷирм мебошад. Юнониҳои қадим ба он номи илоҳа Афродитаро дода буданд, баъдан румиҳо онро сайёраи Зуҳра номиданд, ки ҳар ду ҳаммаъноанд. Зуҳраро бори аввал соли 1610 Галилей ба доираи таҳқиқоти илмӣ кашидааст. Бинобар масофаи кунҷии намоёни хурд доштан (то 48°) Зуҳра субҳ ё шом мушоҳида мешавад (сабаби «Ситораи субҳ ё шом» номидан низ дар ҳамин аст). Зуҳра дар Манзумаи офтобӣ аз рӯи андоза ва табиаташ дар қатори Уторид, Замин ва Миррих ба гурӯҳи сайёраҳои заминӣ мансуб аст. Зуҳра аз Офтоб дар масофаи миёнаи 108,2 млн км (0,723 в. а.) воқеъ гашта, гирди он бо суръати 35 км/с дар муддати 224,7 шаборӯз (0,615 сол) як бор давр мезанад. Майли меҳвари Зуҳра ба 177,36° баробар буда, сабаби чархидани баръакс доштани вай гардидааст. Даври чархиш ва ҳаракати резонансии Зуҳра гирди меҳвари худ ба 243 шаборӯзи заминӣ баробар буда, сабаби дар муқобалаҳои поин ва боло ба ҳамон як самт нигарон будани сайёра мегардад. Давомоти шаборӯзи офтобӣ дар Зуҳра ба 116,8 шаборӯзи заминӣ баробар буда, соли зуҳрагӣ тақр. аз ду шаборӯзи зуҳрагӣ иборат аст.
Радиус ва ҳарорати сатҳи сайёра мутаносибан ба 6051 км ва 735 К баробар буда, фишори сатҳаш 9∙106 Па аст. Ҳамвории мадори Зуҳра нисбат ба мадор (эклиптика)-и Офтоб ба андозаи 3,39458° моил, масса ва зичиаш мутаносибан ба 4,87.1024 кг = 0,815 МЗ ва 5240 кг/м3 баробар буда, ба монанди Замин бо қабати атмосферӣ печонида шудааст. Олими рус М. В. Ломоносов бори аввал (1761) атмосфераи онро ҳангоми гирифтани Офтоб аз тарафи сайёраи Зуҳра кашф кардааст. Зуҳра ва Заминро аз рӯи андоза, масса ва мавқеи ҷойгиршавиашон «дугоникҳо» низ меноманд ва масофаи кӯтоҳтарини байнашон 40 млн км аст. Дар ин маврид ба Замин самти шабонаи он нигарон аст ва тарафи рӯзонаи онро пурра дар ҳолати қирони боло мушоҳида метавон кард. Дар ин ҳолат Зуҳра аз Замин дар масофаи 260 млн км аз ҳамдигар дур ҷой мегирад. Массаи атмосфераи Зуҳра (5 ∙ 1020 кг) нисбат ба массаи атмосфераи Замин садҳо маротиба зиёд ва тақр. ба массаи ҳидросфераи он (1,37 ∙ 1021 кг) баробар аст. Зуҳра асосан аз гази карбонат (СО2≈97%-и массаи атмосфера) ва нитроген (N2≈3 %) иборат аст. Ҳарорати сатҳи он 750 К (470°С, ҳарорати баландтарини сабтгардида 530°С) буда, тағйирёбии шаборӯзиаш хурд аст. Сабаби баландии ҳарорати Зуҳра дар он вуҷуд доштани падидаи гармхонаӣ (парникӣ) мебошад, ки онро атмосфераи бо гази карбонат ғанигашта ба вуҷуд меорад. Фишори атмосферӣ тақр. 107 Па ё 100 атм. буда, нисбат ба фишори атмосферии Замин ду маротиба зиёд аст. Намуди зоҳирии Зуҳра вобаста ба мавқеи ҷойгиршавиаш нисбат ба Замину Офтоб тағйир ёфта, ҳамчун Моҳ давраҳояш ҳам дигаргун мешаванд. Бинобар тақр. амудӣ ҷойгир будани меҳвар нисбат ба ҳамвории мадор (3°), тағйирёбии фаслҳои сол мушоҳида намешавад. Чархидани сайёра дар атрофи меҳвараш ва дар атрофи Офтоб, ки самтҳои гуногун доранд, боиси он гаштааст, ки шаборӯзи офтобӣ дар Зуҳра ба 116,8 шаборӯзи заминӣ баробар шавад. Даври чархидани қирони поинии Зуҳра (масофаи наздиктарини он то Замин) 584 шаборӯзи заминӣ аст ва он ба 5 шаборӯзи офтобии пурра баробар мешавад. Аз ин рӯ, дар қирони поёнӣ ҳамеша як тарафи Зуҳра ба Замин нигарон мебошад.
Зуҳра бо дастгоҳҳои кайҳонӣ (дастгоҳҳои кайҳонии шӯравии "Венера, «Вега», амрикоии «Маринер», «Пионер-Венера-1», "Пионер-Венера-2, «Магеллан») хуб таҳқиқ карда шудааст. Таҳқиқоти силсиладастгоҳҳои «Венера» имкон дод, ки фишори сатҳ (93 атм) ва ҳарорати Зуҳра (750 К) муайян карда шавад. «Венера — 9» ва «Венера — 10» аввалин тасвирҳои сатҳи сайёраро ба Замин фиристоданд, топографияи сатҳ бо миқёси бузург бо ёрии «Венера — 15» ва «Венера — 16» сохта шуданд. Дастгоҳи сайёри амрикоии «Магеллан» имкон дод, ки харитаи пурраи сатҳи Зуҳра таҳия гардад.
Дар сатҳи Зуҳра тақр. 150 объекти вулканӣ мушоҳида мешавад, ки андозаашон зиёда аз 100 км-ро ташкил медиҳад. Миқдори умумии вулканҳо ба 1600 мерасад, ки ин нишони фаъол будани қаъри сайёра мебошад. Шакли сайёра ба кура наздик буда, радиусаш ба 6051,5±0,1 км баробар аст.
Таҳқиқоти дастгоҳҳои сайёри кайҳонии «Венера — 13», «Венера — 14» ва «Вега — 2» нишон доданд, ки қабати сатҳии сайёра, асосан, аз гилхок (50 %), оксиди алюминий (16 %) ва оксиди магний (11 %) иборат мебошад. Харитаҳои бо ёрии дастгоҳҳои сайёри кайҳонӣ сохташуда собит мекунанд, ки 85 дарсади сатҳи Зуҳраро ҳамворӣ ташкил медиҳад. Дар болои ҳамворӣ се пуштакӯҳи бузурги баландиашон чандин километр воқеъ гаштаанд. Яке аз пуштакӯҳҳои калонтарини вулканӣ дар Нимкураи шимолӣ пуштакӯҳи 4-5 км-ии Иштар аст, ки масоҳаташ тақр. ба Австралия баробар мебошад. Дар наздикии хатти истиво (экватор) пуштакӯҳи Афродита бо қуллаҳои 6-8-км-и Гаусс ва Гертс ҷойгир аст. Кӯҳи баландтарини Зуҳра кӯҳи вулкании Максвелл буда, аз сатҳи миёна 12 км баланд аст. Нуқтаи пасттарин аз сатҳи миёна ҳамагӣ 2,5 км поинтар воқеъ гаштааст. Дар сатҳи он талу теппаҳо, танӯраҳо, тарқишҳо ва нишонаҳои равандҳои тектоникӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ҳангоми бархӯрди харсангҳои бузург ҷинсҳои сатҳӣ ба масофаҳои калон партофта нашуда, ба намуди моддаи гудохташуда дар атрофи танӯра шоридаанд. Пайи танӯраҳои зарбатии қутрашон 150—200 км ва умқашон 500—700 м низ мушоҳида мешавад. Шаклҳои гуногуни боқимондаҳои вулканӣ низ баррасӣ гардидаанд, ки ба гунбазҳои қутрашон 2-3 км, махрут (конус)-ҳои қутрашон садҳо километр, ба «тоҷҳо» ва сохторҳои тортанакшакл шабоҳат доранд. Сатҳ бо санг ва тахтасангҳои гуногунандоза пӯшида шудааст, ки ба ҷинсҳои заминӣ монанданд.
Ҳарчанд андоза, зичии миёна ва сохтори дохилии Зуҳра ва Замин ба ҳам шабоҳат доранд, дар Зуҳра майдони магнитӣ қариб, ки мавҷуд нест (он нисбат ба майдони магнитии Замин ночиз аст), аз ин рӯ, боди офтобӣ то дохил шудан ба экзосфераи он боиси коҳиши атмосфера мегардад. Майдони магнитии сайёраҳо ба сохтори дохилии сайёраҳо вобастагӣ дорад. Зуҳра ба монанди Уторид сайёраи берадиф аст. Мунаҷҷимони тоҷик дар муайян кардани андозаи сайёраҳо таҳқиқот анҷом додаанд. Аз ҷумла Берунӣ дар «Қонуни Масъудӣ» фосилаи сайёраҳо, аз ҷумла Зуҳраро аз маркази олам ва андозаи онҳоро муайян карда, дар ҷадвалҳо ҷамъ овардааст, ки ба қиматҳои ҳозираи он наздиканд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Standish E. M. Keplerian elements for approximate positions of the major planets (ингл.) — 2015. — 3 p.
- ↑ https://nssdc.gsfc.nasa.gov/planetary/factsheet/venusfact.html
- ↑ Фесенков В. Венера (рус.) // Венгрия — Вильно — 1928. — Т. 10.
Адабиёт
вироиш- Зуҳра / А. А. Раҳмонов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.