Зуҳуруддин Бурҳони Танбӯрӣ
Зуҳуруддин Бурҳони Танбӯрӣ (с.тав. 1891, Бухоро, с.ваф.1934 ), мутриб-оҳангсоз. Аз намояндагони машҳури мактаби иҷроии Бухоро буда, мусиқиро назди Қорӣ Каромати Дилкаши Танбӯрӣ (1851-1906) омӯхта, аз беҳтарин иҷрокунандагони шохаҳои «мушкилот» – «гардун», «тасниф», «тарҷеъ» буда, муддате дар мактаби мусиқии Шарқи Бухоро (1923-1930) асосҳои мусиқии анъанавиро тадрис намуда, соли 1929 ба Душанбе омада, дар таъсиси дастаҳои ҳунарӣ хидмати шоиста кардааст. Аз с.1929 то 1934 роҳбарии дастаи мутрибони Театри давлатии ба номи Лоҳутиро ба уҳда дошт. З.Б. дар рушди мусиқии мақомӣ, идомаи анъанаҳои асили он нақши муассир дорад. С. 1934 қурбони воқеоти солҳои 30-ӯм шудааст.
Адабиёт
вироишТаджикская музыка, Душанбе, 2003. Ҳакимов Н. Шашмақом дар асри ХХ, Хуҷанд, 2006.[1]
Ҳамчунин нигаред
вироишСарчашма
вироиш- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 80 ISBN 978-99947-49-13-3